Озодкунанда ё харобкор? Вокунишҳо пас аз марги Горбачёв

Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ ва аввалину охирин президенти ин давлат дар 92-солагӣ дар Маскав аз олам даргузашт. Президенти собиқ чанд соли охир бемор буд. Дар мавриди Горбачёв, ки яке аз омилони асосии пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ номида мешавад, назарҳо мухталиф аст. Бархе ӯро наҷотдиҳанда ва бархе харобкунанда арзёбӣ мекунанд.    

Аз “перестройка” то анҷоми Ҷанги Сард

Ӯ 2-юми марти соли 1931 дар деҳаи Приволнои минтақаи Ставропол таваллуд шудааст. Хатмкардаи риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав буда, солҳо дар мансабҳои гуногуни Ҳизби коммунист кор кардааст. Михаил Горбачёв соли 1956 котиби якуми Ҳизби коммунисти шаҳри Ставропол ва соли 1970 вакили Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ ё КПСС интихоб шуд.

Баъди даҳ сол ин роҳбари ояндаи Шӯравӣ ба узвияти Бюрои сиёсии КПСС ворид шуд. Соли 1985 Михаил Горбачёв дар 54-солагӣ роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ шуд.

Михаил Горбачёв дар мақоми котиби аввали Ҳизби марказии коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсати ошкорбаёнӣ ва ислоҳоти бо номи «Перестройка»-ро роҳандозӣ кард. Дар остонаи 90-солагии худ Михаил Горбачёв ҳамин барномаҳоро «муҳимтарин кори зиндагӣ»-аш хонда буд. «Муҳимтарин чизе, ки дар дохили кишвар ба даст овардем, ин озодие аст, ки ба инсонҳо насиб шуд, ба низоми тоталитарӣ хотима додем»,- гуфта буд ӯ.

Дар аҳди Горбачёв Ҷанги Сард бо Ғарб хотима ёфт, артиши Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон берун оварда шуд, аввалин интихоботи озод баргузор гардид ва аз нақши «раҳбарикунандаву пешбаранда»-и Ҳизби коммунистӣ дар қаламрави Аврупои Марказиву Шарқӣ даст кашида шуд.

Соли 1990 Михаил Горбачёв барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел гардид. Декабри соли 1991, баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аз мақоми президенти ин кишвар канор рафт.

Роҳбари нодир ё харобкор?

Вале нақши Горбачёвро дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ бисёриҳо баҳсбарангез меноманд ва то ҳол шумораи зиёди мардум ӯро дар суқути як кишвари аз назари онҳо «иҷтимоиву раиятпарвар» ва сар задани ҷангу ноамниҳо дар 15 ҷумҳурии Шӯравӣ гунаҳкор мекунанд. Худи Горбачёв дар посух ба ин танқидҳо гуфтааст, ки хоҳони фурӯпошии ИҶШС набуд ва созишномаи нави федеративӣ ё конфедеративиро омода мекард ва ислоҳоти СССР-ро хеле пештар шуруъ кардан лозим буд.

Дар Ғарб, баръакс, бисёриҳо ба Горбачёв назари нек доранд, ки ҷаҳонро аз эҳтимоли ҷанги ҳастаӣ ва хатари коммунизм наҷот дод ва масири таърихро иваз кард.

Даргузашти Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ вокунишҳои ҷаҳониро дар пай дошт. Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ӯро «раҳбаре нодир» номидааст, ки ҷаҳонро «амнтар» сохт.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ ҳамдардии худро аз даргузашти Михаил Горбачёв баён кард. Сухангӯи Путин ба хабаргузории «Интерфакс» гуфтааст, ки ӯ «барои хонавода ва дӯстонаш паёми ҳамдардӣ хоҳад фиристод».

Антонио Гуттериш, дабири кулли СММ низ аз Горбачёв ба унвони сиёсатмадоре ном бурд, ки масири таърихро тағйир дод ва гуфт, ки «ӯ беш аз ҳар шахси дигаре талош кард, то Ҷанги Сард ба таври сулҳомез поён ёбад».

Борис Ҷонсон, нахустивазири Бритониё изҳор дошт, ки «ман ҳамеша шаҳомат ва роҳи дурусти ӯро барои поён додан ба Ҷанги Сард ситоиш мекунам… Дар замоне, ки Путин ба Украина таҷовузи низомӣ кард, истодагарии ӯ барои боз кардани ҷомеаи Шӯравӣ, намунае барои ҳамаи мо хоҳад буд».

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ аз даргузашти Михаил Горбачёв изҳори андуҳ кард. “Хабари даргузашти Михаил Сергеевич Горбачёв боиси андуҳи мо гардид”,- омадааст дар паёми тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони марҳум.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *