Озорбойҷону Тоҷикистон боғи дӯстӣ бунёд мекунанд

Тоҷикистон дар Озарбойҷон «Боғи дӯстии зардолу»  бунёд менамояд. Дар навбати худ Озорбойҷон тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон «Боғи дӯстии анор» бунёд намояд.

Ин масъала зимни вохӯрии вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо вазири кишоварзии Озарбойҷон Маҷнун Мамедов дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Инчунин, ҷонибҳо оид ба масъалаи омӯзиши таҷрибаи Озарбойҷон дар самтҳои рақамикунонӣ, Азеркосмос, навъсанҷии зироати кишоварзӣ, ба монанди тухмиҳои зироати ғалладонагии ба хушкӣ тобовар, ангурпарварӣ, чорводорӣ, омода намудани кадрҳои соҳаи кишоварзӣ ва табодули таҷриба байни кишоварзони ду мамлакат мубодилаи афкор намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *