Оғози сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Русия

16 март сафари расмии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия оғоз ёфт.

Маросими истиқболи расмии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Внуково-2-и шаҳри Москва баргузор гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ва дигар намояндагони воломақом истиқбол гирифтаанд.

“Барои истиқболи шоиста майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, Ротаи қаровули фахрии гарнизони ҳарбии Москва ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ саф ороста буд”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Президенти кишвар.

Мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин бо имзои як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ, изҳороти матбуотӣ ва дигар чорабиниҳо 17 март дар қасри Кремл баргузор хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image