Пӯшидани либоси бегона ва идгардак расман манъ шуд

Ислоҳот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» қабул шуд. Вакилони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон 19-уми июн ислоҳотро ба қонуни мазкур пазируфтанд.

Ислоҳоте, ки «овардан, фурӯш, тарғиб ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона» ва идгардаки кӯдаконро манъ мекунад. Ҳамчунин, вакилони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон беш аз 30 қонуни дигарро дар таҳрири нав баррасию ҷонибдорӣ кардаанд.

Бояд гуфт, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳанӯз 8-уми май аз тарҳи иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» пуштибонӣ карда буданд.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана он замон сабаби манъи идгардаки кӯдаконро «тарбияи дуруст ва таъмини амнияти онҳо дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон» номида буд.

Масъулин низ ҳадафи тағйиротро ба қонуни мазкур, ки «овардан, фурӯш, тарғиб ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ» манъ мекунад, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирӣ аз ифротгаройӣ медонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *