Пӯшидани либосе, ки пурра рӯйро мепӯшонад манъ карда мешавад

Рӯзи панҷшанбе Бундестаги Олмон лоиҳаи қонунро оид ба манъи либосе, ки пурра рӯйро мепӯшонад, тасдиқ кард. Ин қонун ба хизматчиёни давлатӣ, судяҳо ва низомиён дахл дорад. Дар ин бора агентии «Reuters» хабар медиҳад.
«Ҳамгироӣ маънои онро дорад, ки мо бояд арзишҳоямонро ба таври равшан нишон дода, пайванд намоем, инчунин нишон диҳем, ки сарҳадҳои таҳаммулпазирии мо нисбат ба дигар фарҳангҳо дар куҷо ҷойгиранд. Лоиҳаи қонун, ки мо имрӯз онро тасдиқ намудем, дар ин кор саҳми калон мегузорад», — иқтибос меорад гуфтаҳои вазири корҳои дохилии Олмон Томас де Мезераро агентиилибосе, ки пурра рӯйро мепӯшонад
Гуфта мешавад, ки моҳи декабри соли гузашта ба манъи либосе, ки пурра рӯйро мепӯшонад, канслери Олмон Ангела Меркел даъват карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *