Пӯшидани либоси бегона манъ карда шуд

Барои бори аввал дар Тоҷикистон қонуне қабул шуд, ки пӯшидани ҳиҷобро ҳадди ақал дар тӯю маъракаҳо танзим мекунад. Дар қонуни танзими расму ойин моддаи 14, прим 1 илова шуд, ки дар он омадааст: «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд.

Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 23 август барои бори аввал пӯшидани ҳиҷобро қонунан манъ кард. Дар боби чоруми қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо) моддаи 14, прим 1 илова шудааст, ки пӯшидани сатру ҳиҷобро ҳадди ақал дар маъракаҳо манъ мекунад: «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд.

Масъалаи ҳиҷоб дар парлумон зимни баррасии тағйирот ба қонуни танзим аслан баҳс нашуд, вале вакилон ин илова ба қонунро якдилона қабул карданд.

Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва оила рӯзи 23 август  гуфтааст, дар ин қонун барои вайрон кардани муқаррарот дар мавриди пӯшидани либос кадом ҷазои мушаххасе пешбинӣ нашудааст. Ӯ гуфт, дар ояндаи наздик ҳукумати Тоҷикистон низомномае таҳия хоҳад кард, ки дар он меъёри ҷазо барои вайрон кардани талаботи қонун дар масъалаи либоси миллӣ мушаххас карда хоҳад шуд.

Аммо ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки алакай ин тағйироти воридшуда ба мақомот имккон медиҳад, ки шаҳрвандонро барои пӯшидани либоси, бегона муҷозот кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *