Паҳлавони шинохтаи тоҷик Носир Хусравов даргузашт
Носир Хусравов, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, мураббии шоистаи Тоҷикистон, паҳлавони бисёркаратаи гӯштини самбову ҷудо, гӯштини миллӣ рӯзи 9-уми январ, дар синни 66-солагӣ даргузашт.
Носир Хусравов падари қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Хушқадам Хусравов аст. Ӯ дар тӯли умр ба ҳайси директори мактаби варзишии ноҳияи Ванҷ, сармураббии тими мунтахаби самбои ВМКБ, муовини аввали сарвари мактаби варзишии ВМКБ фаъолият кардааст.
Маросими ҷанозаи марҳум пас аз зӯҳри имрӯз дар масҷиди “Аминҷон”, дар маҳаллаи 61-уми шаҳри Душанбе, баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ