Паҳлавонони ҷавони тоҷик ба Эквадор мераванд

Аз 10 то 13-уми август дар шаҳри Гуаякили Эквадор Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он намояндаҳои Тоҷикистон низ ширкат мекунанд.

Дар чемпионат 389 варзишгар (218 писар, 171 духтар) аз 65 кишвар сабти ном шудаанд. Тоҷикистонро 6 варзишгар миёни писарон намояндагӣ мекунанд, ки инҳо Нуралӣ Эмомалӣ (-66 кг), Масъуди Аҳмадзод (-73 кг), Суннатулло Лоиқов (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81 кг), Эмомризо Анварзода (-100 кг) ва Мансур Раҳмон (+100 кг) ҳастанд. Абубакр Шеров, ки бояд дар вазни -66 кг ширкат мекард, бо далели мушкили раводиди транзитӣ ба Эквадор сафар карда наметавонад.

Дар асоси барнома рўзи аввал, 10-уми август Нуралӣ, 11-уми август Масъуд, 12-уми август Суннатулло ва Муҳаммадҷон, 13-уми август Эмомризо ва Мансур майдондорӣ мекунанд.

Ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ тақдим мегардад. Ғолибони ҳамаи вазнҳо бо 2500 доллар, барандагони медали нуқра бо 1500 доллар ва барандагони медали биринҷӣ бо 850 доллар сарафроз мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *