Паҳлавонони тоҷик дар Гранд Слами Қазоқистон ширкат мекунанд
Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар ҳайати 10 нафар дар Гранд Слами Қазоқистон иштирок мекунад.
Мусобиқаи навбатии Сайри ҷаҳонии ҷудо дар Остона 16-18-уми июн бо иштироки беш аз 300 варзишгари 43 кишвар баргузор мешавад. Аз ҷумла Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар дар байни мардҳо, аз ҷумла Муҳаммадсолеҳ Қувватов (дар вазни -60 кг), Меҳрзод Суфиев (дар вазни -60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (дар вазни -66 кг), Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг), Шодмон Ризоев (дар вазни -81 кг), Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -81 кг), Умедҷон Раҷабов (дар вазни -90 кг), Исроил Раҳимов (дар вазни -100 кг), Темур Раҳимов (дар вазни +100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (дар вазни +100 кг) намояндагӣ мекунанд.
Фонди умумии ҷоизаҳо 150000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ