Паҳлавонони Тоҷикистон ба Tashkent Grand Slam-2025 рафтанд

Ҷудокорони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Tashkent Grand Slam-2025, ки аз 28-уми феврал то 2-юми март дар Тошканд (Ўзбекистон) баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 17 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Бино ба иттилои Федератсяи байналмилалии дзюдо (IJF), дар ҳоли ҳозир 246 варзишгар аз 23 кишвар барои ширкат дар мусобиқаи “Grand Slam” номнавис шудаанд. Дар маҷмуъ, дар назар аст, ки устодони ҷудо аз панҷ қитъа ба татамӣ бароянд.

Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон Меҳрзод Сўфиев, Ҳақдод Гулов (60 кг), Нуралӣ Эмомалӣ, Умар Шеров (66 кг), Муҳиддин Асадуллоев, Абубакр Шеров (73 кг), Суннатулло Мусоев, Муҳаммад Юсуфзода (81 кг), Умед Раҷабов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов (100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг), Аҳлия Муъминова (48 кг), Мадина Қурбонзода (52 кг), Александра Кан (57 кг), Виктория Киселева (+78 кг) шомиланд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҳамаи 14 вазн (7 мард ва 7 зан) 5000 евро, барандагони медалҳои нуқра 3000 евро, барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 евро мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image