Паҳлавонони Тоҷикистон дар Белград ноком шуданд
Дар шаҳри Белгради кишвари Сербистон мусобиқаи ҷаҳонии куштӣ баргузор шуд, ки дар он намояндаҳои Тоҷикистон ширкат карданд, аммо ягон ҷойи ифтихориро соҳиб нашуданд.
Дар ҳайати Тоҷикистон Абдумаҷид Кудиев (65 кг), Мустафо Аҳмадов (70 кг), Магомед Евлоев (74 кг), Шуҳрат Бозоров (79 кг) дар куштии озод, Асламҷон Азизов (60 кг), Фирӯз Мирзораҷабов (67 кг) дар куштии клоссикӣ ширкат карданд.
Магомед Евлоев дар даври 1\16 аз амрикоӣ Дуглас Дейк шикаст хӯрд ва дар даври тасаллобахш аз қазоқистонӣ Нуркож Катпанов ноком шуд.
Шуҳрат Бозоров дар даври квалификатсионӣ аз намояндаи Булғористон Михаил Георгиев мағлуб шуд.
Мустафо Аҳмадов дар аввал Кевин Хенкеляро аз Денморк шикаст дод ва дар даври 1\8 аз дасти амрикоӣ Зейн Ретерфорд ноком шуд. Дар даври тасаллобахш паҳлавони ҳиндустонӣ Абхиман Абхиман ӯро шикаст дод.
Абдулмаҷид Кудиев дар даври аввал бар фаронсавӣ Ҳамзат Арсамерзуев пирӯз шуд. Дар даври 1\16 паҳлавони Куба Алехандро Валдесро ноком кард, аммо дар даври 1\8 аз арманӣ Вазген Теванян шикаст хӯрд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ