Паҳлавони панҷакентӣ чемпиони ҷаҳон шуд

Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба варзиши вазнбардорӣ, ки World raw powerlifting federation доир кард, варзишгарони тоҷик 4 медали тилло ва 2 медали нуқра ба даст овардаанд. Аз ҷумла Муҳаммадалӣ Мирзоев аз шаҳри Панҷакент дар ин мусобиқа дар шаҳри Маскав соҳиби ду медали тило ва як нуқра шуд. Дар ин бора Абдуев Мустафо, як узви дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа иттилоъ додааст.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 4 варзишгар, аз ҷумла Муҳаммадалӣ Мирзоев, Мустафо Абдуев ва Парвиз Одинаев намояндагӣ кардандИн сабқат аз 24 то 29 октябр дар шаҳри Москва доир шуд.

Тибқи маълумоти расмии World raw powerlifting federationдар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ҳудуди 2000 нафар варзишгар аз 30 давлати дунё ширкат варзидаанд. Мусобиқаи вазнбардорӣ дар намудҳои поуэрлифтинг, дуҳарба, жим лежа, народный жим ва становая тяга баргузор шудааст. Дар ин мусобиқаи вазнбардорӣ Муҳаммадалӣ Мирзоеви 18-сола аз шаҳри Панҷакент дар байни ҷавонон дар вазни 82,5 кило 2 медали тилло ва як нуқра, Мустафо Абдуев дар вазни 67,5 кило 1 медали тилло ва 1 медали нуқра, Парвиз Одинаев дар вазни 82,5 кило 1 медали тилло ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи арпели соли равон чанд нафар аз вазнбардорони тоҷик дар мусобиқаи Осиё дар давлати Қазоқистон ширкат намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида буданд.

Мусобиқаи вазнбардорӣ дар Тоҷикистон яке аз намудаҳои қариб фаромӯшшудаи варзиш ба шумор буда, дар гузашта асосан дар ноҳияҳои Ваҳдат, Темурмалик, Кӯлоб ва шаҳрҳои Регару Панҷакент рушд намуда буд. Собиқадарони ин намуди варзиш мегӯянд, таваҷҷӯҳи ҷавонон ба вазнбардорӣ солҳои охир коҳиш ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *