Падар барои озори кӯдаки хурдсолаш ҷазои маъмурӣ гирифт (аудио)
Санаи 10-уми октябри соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби падар мавриди латукӯб қарор гирифтани кӯдаки хурдсол инъикос ёфтааст.
Чунин амали падар мавриди вокунишҳои шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ қарор гирифта, аз мақомоти милитсия хостори андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ гардиданд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷаи пешбурди як қатор корҳои оперативӣ-санҷишӣ муайян карда шудааст, ки марди дар навор инъикосёфта шаҳрванд Одинаев Зикриё Гулмадович, санаи таваллудаш 18.02.1975, зодаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буда, муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи М. Маҳмадалӣ мебошад. Зимни пурсиш муайян карда шудааст, ки номбурда аз ҳамзистӣ бо собиқ ҳамсари худ соҳиби 4 фарзанд гардида, бинобар сабаби нофаҳмиҳои оилавӣ аз ҳам ҷудо шудаанд ва 2 фазанди хурдсол зери тарбия ва нигоҳубини ӯ қарор доранд.
— Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Одинаев Зикриё маводҳои лозима тартиб дода шуда, бинобар сабаби зери тарбия ва таъминоти ӯ қарор доштани кӯдакони хурдсол ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуда, ҷиҳати такрор наёфтани чунин ҳолат ва таъминоту тарбияи шоистаи фарзандон ба таври қатъӣ огоҳонида шуд,- меафзояд РВКД дар шаҳри Душанбе.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ