Падарам коргари Маҷлиси Олӣ, акаам корманди Прокуратура, мезанум бо ҷавоб мегум: Латукуби маъюб аз ҷониби ҳамсоя

Мирзохӯҷа Самадов, як маъюби гуруҳи якум иддао дорад, ки ҳамсояи муштзӯраш ӯ ва ҳамсарашро лутукуб намуда, таҳдид намудааст, ки падараш коргари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, акааш бошад, корманди Прокуратура мебошад ва касеро хоҳад латту кӯб намуда ҷавобашро медиҳад.

Ба иддаои ин мард кудаки ҳамсояи дигарашон занги дари Ализода Исоро пахш карда гурехтааст. Ализода нархи пиёзро напурсидагибарин ҳамсояи маъюбашро аз хона бароварда, бо ҳамсараш зери мушту лагад гирифтааст.

Самадов Мирзохӯҷа барои сади роҳи ҳамсояаи муштзӯрашро гирифтан ба унвони Вазири Корҳои Доҳили ва сардори РВКД дар шаҳри Душанбе Генерал лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ариза ирсол намудааст, ки шакли бетаҳрирашро манзури хонандагон мегардонем:

“Ба Вазири Корҳои Доҳили Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро

Ба сардори РВКД дар шаҳри Душанбе Генерал лейтенант милитсия мӯҳтарам Назарзода Шариф Раҳмон

Аз номи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон истикоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Шамси хонаи 2/4 ҳуҷраи 6
Тел: 907811105
Самадов Мирзохуҷа Назирхуҷаевич

Ариза

Мӯҳтарам Рамазон Ҳамро
Мӯҳтарам Шариф Раҳмон

Бо маълумоти Шумо мерасонам ки ман Самадов Мирзохуҷа Назирхуҷаевич маъюби гурӯҳи якум буда дар суроғаи боло зикр шуда бо аҳли ойла зиндагони мекунам.
Санаи 7 июли 2020 сол такрибан соати 21:40 шаб
ба ташаббуси ва бо ҳамрои пост бони биноамон Нуров Пулод ва ҳамсоя Ализода Исо (ба ном ҳоҷи) аз пушти кӯдаки ҳамсояи ки кӯдаки майда тугмачаи домофонаша зер мекунад мегурезад. Ализода Исо ҳиёл мекунад ки ин кора фарзанди ман карда мегурезад
Ализода Исо бо хамрои пост бони биноамон Нуров Пулод манро аз хона бароварда Ализода Исо бе ягон сабаб ман ро зери латукӯб мекунанд. Баъдан камераи мушоҳидаро баромад шикаста манро бо ҳамроҳи занам латукӯб ро давом медиҳад

Ализода Исо ба ман чандин бор такрор мекард ки Падарам коргари Маҷлиси Олии Маҷлиси Намояндагон буда
Акаам корманди Прокуратура буда Тағом калони Нозирони Андоз буда худам корманди Ревизори Палатаи Ҳисоб ҷумҳурии Тоҷикистон буда ба ман таҳдид мекунад ки мани маъюба мезана ягон беморҳона манро кабул намекунад

Мӯҳтарам Рамазон Ҳамро
Мӯҳтарам Шариф Раҳмон
Аз шумо эҳтиромона ҳоиш менамоям ки нисбати ин ҷиноят
чораҳои мушаххас кабул кунед
Умедворам мӯҳтарам Вазир мӯҳтарам Сардор ки ин ҷиноят бе ҷазо намемонад

Бо эҳтиром Самадов М.Н

09.07.2020 сол”

Ба Вазири Корҳои Доҳили Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро Ба сардори РВКД дар шаҳри Душанбе Генерал…

Gepostet von Mirzosan Samadov am Mittwoch, 8. Juli 2020

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *