Падараш муаллиму модараш фаррош…Тафсилоти ҳамла ба муфтии Тоҷикистон

Шахсияти  ҷавоне, ки дар рӯзи равшан дар масҷид бо корд ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳамла карда буд, ошкор шуд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, ки ҷавони ҳамлагар аз ҷумлаи ифротгароён мебошад.

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳангоми суханронӣ дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба ин масъала равшанӣ андохта, чунин гуфт:

 -Падараш муаллим будааст, модараш фарроши мактаб.

Саидмукаррам Абдулқодирзода мегӯяд, агар асли гурӯҳҳои тундравро бубинед, чандон мусалмон нестанд, вале тариқи интернет ҷавононро чунон мағзшӯӣ мекунанд, ки гӯё хидмати ислом намуда, даст ба чунин амалҳои нораво мезананд.

“Як гурӯҳ, як маҷмӯа, ҷавонони камсаводи каҷфаҳм, ки гӯё хидмати дини ислом мекунанд. Ҳамин гурӯҳҳои тундрав, аслашонро бубинед, мусалмон нестанд. Инҳоро ба воситаи Интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ даъват мекунанд. Ҳамон одамонеро, ки инҳоро даъват карданду роҳнамоӣ карданду супориш доданд, аз пеш надидаанд,” –гуфт раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон.

Вақте аз Саидмукаррам Абдулқодирзода пурсидаанд, ки “бо ҷавони ҳамлавар чӣ кор кунем?”, ин рӯҳонии тоҷик дар посух гуфтааст, ки “Худо ҳидояташ кунад”.

Ёдовар мешавем, ки 11-уми сентябри соли равон дар масҷид байни намозгузорон ҷавоне ба муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бо корд ҳамла карда, пешонии ӯро захмӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *