Падари қаҳрамонбаччаи тоҷикро депортатсия карданд

Волии вилояти Челябински Русия ба падари Шукрулло Ғиёсзода, ки якуним сол пеш як марди маҳаллиро аз ғарқшавӣ дар оби яхи дарё наҷот дод, ваъдаи шаҳрвандии Русия дода буд. Вале моҳи майи соли ҷорӣ мақомоти муҳоҷират ҳукми ихроҷи ӯро бароварданд.

Дар моҳи декабри соли 2015 исми Шукрулло Ғиёсзодаи он замон 15-сола вирди забони матбуоти Русия шуд. Ин бачаи тоҷик, ки бо аҳли хонаводааш дар шаҳри Киштим зиндагӣ мекард, субҳи 16 декабр вақте ба мактаб мешитофт, дар рӯи кӯпруки кӯчаи Садовая садои мардеро шунид, ки аз даруни об меомад.

Падари як тоҷикбачаеро, ки мегуфт: «Ёрӣ диҳед! Ёрӣ диҳед!” Ӯ худро ба ҷое, ки садо меомад, расонд ва дид, ки марде зери оби сарди дарё мондааст. Ин мард аз ҷумлаи коргарони корхонаи радиосозии Киштим буд, ки аз ин қитъаи дарё барои сохтани шаҳраки солинавиашон ях мебуриданд, вале вақте танҳо мондааст, аз беэҳтиётӣ лағжида, дар оби сард ғарқ шудааст.

Шукрулло Ғиёсзода он вақт  ҳодисаро чунин қисса карда буд:»Саҳар мактаб мерафтам, ки садои онро мардро шунидам. Давида рафтам, як чӯб ёфтам аввал, ки кӯтоҳӣ кард. Як чӯби дарозтар ёфтам ва дарозаш кардам. Вале зӯрам нарасид, ки берунаш бикашам, чунки вазнин буд. Баъд як чӯби дигарро дар байн мондам, ки мисли «качалка» шуд. Ман аз ин тараф зер кардам ва он мард аз он тараф чӯбро дошта, аз об берун шуд. То пеши мошинаш бурдамаш. Як «спасибо» гуфт ба ману рафт.»

Шукрулло Ғиёсзода он рӯз аз мактаб дер монд ва мавриди сарзаниши раҳбари синфаш Валентина Голованова қарор гирифт. Аммо Шукрулло сумкаашро рӯи парта партофта, ба раҳбари сахтгираш гуфт: «Сарзанишам накунед, Валентина Петровна. Ман як нафарро аз марг наҷот додам.”

Ин ҳодиса исми Шукрулло ва хонаводаи ӯро вирди забонҳо кард. Бо пешниҳоди вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русияро Шукруллоро бо медали «Барои наҷоти ғарқшудагон” сарафроз гардонданд. Омӯзгорони мактаби рақами се масъалаи додани шаҳрвандии Русия ба ин хонаводаро дар миён гузоштанд. Шаҳрдории Киштим ва вазорати маорифи вилояти Челябинск ва ҳатто волии ин минтақа низ аз ин пешниҳод пуштибонӣ карданд.

Аммо бо гузашти инак якуним сол аз қаҳрамонии Шукрулло, ин хонавода то ҳанӯз натавонистааст шаҳрвандии Русияро ба даст биорад. Болои ин, рӯзи 5 майи соли равон идораи муҳоҷирати вилояти Челябинск падари Шукрулло –Мамазоир Нусратович Ғиёсовро ба рӯйхати сиёҳ дароварда, барои се сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум кард. Танҳо гуноҳи ин муҳоҷири тоҷик ин буда, ки як дафъа натавонистааст дар муддати 90 рӯзи муқарраршуда аз ҳудуди Русия барояд. Ба Мамазоир Ғиёсов то 21 май фурсат дода буданд, ки қаламрави Русияро тарк кунад.

Аммо Мамазоир Ғиёсов аз ин ҳукми ихроҷаш ба додгоҳ шикоят бурд ва бори дигар ваъдаи мақомоти маҳаллӣ дар бораи додани шаҳрвандии Русия ба хонаводаашро ёдовар шуд.

Бино ба гузориши нашрияи маҳаллии «Кыштымский рабочий”, додгоҳи шаҳри Киштим рӯзи 30 июн қарори идораи муҳоҷират дар бораи се сол аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум кардани Мамазоир Ғиёсовро ғайриқонунӣ номида, бекор кард. Додрас Лилия Шулгина ҳамчунин талаби то 21 май тарки қаламрави Русия кардани Ғиёсовро бекор кардааст.

Мамазоир Ғиёсов бо зану 6 фарзандаш 17 сол боз дар Киштим ба сар мебаранд. Ӯ дар инҷо дар сохтмон кор мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *