Падари алкаш ҳаётамонро сӯхт
Ман Эҳсон, 14 -сола ҳастам. Мехоҳам тариқи «Оила» саргузашти талхи худ ва модари зорамро бо хонандагон нақл кунам.
Падари ман Имомназар ном дорад. Ба 38 даромадааст, вале аз дасти ахлоқи нохуб ва рафтори бадаш касе ҳурмату эҳтиромаш намекунад. Падарам ошиқи шароб аст, рӯзе нест, ки арақ хӯрда, кинои бе пул нишон надиҳад. Маст, ки шуд, албатта ягон корро баҳона карда бо модарам ҷангу ҷанҷол мекунад ва зада сару рӯяшро сиёҳу кабуд месозад. Модарам аз дасти шавҳари алкашаш рӯз надорад. Бечора мудом бо сару рӯйи кафида ва сиёҳу кабуд мегардад. Тамоми хешу табор падарамро насиҳат мекунанд, вале на ба гапи бобоям гӯш медиҳаду на парвои ҳаққу ҳамсоя дорад. Бибиҷонам аз ғами бадмастии падарам ба бистари беморӣ афтида, аз дунё гузашт. Марги модараш низ падарамро ҳушёр накард. Вай дар тамоми нокомиҳои зиндагиаш модарамро гунаҳкор карда мегӯяд, ки агар зани дигар мегирифт, имрӯз марди бою бадавлат мешуд, гӯё тамоми бадбахтиҳои падарам аз пушти модарам будааст. Бо касофатии ту ман гадо шудам гуфта, чизе ки аз пешаш барояд, ба сари модарам ҳаво медиҳад. Боре падарамро насиҳат карданӣ шуда гуфтам, ки ақаллан фикри моро кунед, охир ҷӯраҳоям дар мактаб ба ҳоли ман механданд, ки дадаат маст шуда дар даруни фалон ҷӯйбор хоб буд. «Ту кӯдак аз кай боз ба ман роҳ нишон медиҳӣ»-гӯён, падарам маро мурданивор зад ва то саҳар модарамро азоб дод. Косаи сабри модарам лабрез гашт ва сари субҳ ману хоҳаракамро гирифта, тарки хонаи шавҳар кард. Ба хонаи бобоям омадем, то ки каме бошад ҳам, гӯшҳоямон ором гирад, вале падарам дар ҳамин ҷо ҳам моро ба ҳоли худамон намемонад. Дар моҳи мубораки Рамазон масту аласт шуда, омада бо тағоҳоям даст ба гиребон шуд, модарамро дар пеши бобову бибиам дашном дода, қиёматро қоим кард, боз худаш ба идораи милиса рафта шикоят кардааст, ки додарҳои занам маро заданд. Модарам аз алам худашро ба дор овехтааст, агар ман як лаҳза дер мекардам, бе оча мешудем. Намедонам бо кадом роҳ ба падарам фаҳмонам, ки моро ба ҳоли худамон монад, чунки аз ҷангу ҷанҷоли ӯ безор шудем. Бовар кунед, аз чунин падари алкаш доштан сағера будан сад бор беҳтар аст!
Достон, аз н. Қумсангир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ