Падару духтарро аз марг наҷот доданд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод, ки марди ҷавонро бо духтараш аз ғарқшавӣ дар “Баҳри тоҷик” наҷот додаанд.

Умеда Юсупова, сухангуи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба “Озодагон” гуфт, нохушӣ 22 август, соати 11 рух додааст. Манбаъ афзуд, сокини 29-солаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо духтари 8-солааш ҳангоми саворӣ дар гидросикл қоидаи техникаи бехатариро вайрон карда, гидросиклро чаппа кард: “Дар натиҷа падару духтари ноболиғаш зери гидросикл монданд. Наҷотбахшони Кумита саривақт ба макони ҳодиса расида, онҳоро аз об берун кашиданд. Ба наҷотёфтагон кумаки аввалияи тиббӣ расонда шуд ва онҳо бистарӣ шудан дар бемористонро рад карданд”.

Манбаъ афзуд, ки баъдтар маълум шудааст, падари ҷавон ҳангоми идораи гидросикл дар ҳолати сархушӣ қарор доштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *