Падару модарон  ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд

Вазорати корҳои  дохилии Тоҷикистон аз волидон дар кишвар хостааст, ба фарзандони то 20-солаи худ иҷоза надиҳанд ки шабона ба марказҳои дилхушӣ бираванд, вагарна ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар муроҷиатномаи расмӣ, ки охири ҳафтаи гузашта дар рӯзномаи “Қонун ва ҷомеа”, нашрияи расмии вазорат нашр шуд, омадааст, “Аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ҳузури фарзандони то 20-соларо шабона ба марказҳои дилхушӣ (тарабхонаву интернеткафеҳо ва идораҳои букмейкерӣ) тибқи банди 9 қисми 1 моддаи 8-и Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» манъ намоянд.”

Дар сурати иҷро накардани талаботи ин қонун ба гуфтаи вазорат, волидоне, ки фарзандонашон боздошт мешаванд, дар назди қонун ҷавоб мегӯянд. Дар Тоҷикистон барои риоят накардани ин қонун падару модарро ҷарима мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *