Пагоҳ роҳҳо баста мешаванд
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, тайи ду рӯзи оянда дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиётро манъ мекунанд.
Ба иттилои ин ниҳод, 4 ва 5 сентябри соли равон аз соати 08:00 то соати 10:00 ҳаракати нақлиёт аз самти Донишгоҳи аграрӣ то муҷассамаи Садриддин Айнӣ, аз Қараболо то муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва аз “Боғи Ғалаба” то кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур (меҳмонхонаи “Тоҷикистон”) манъ карда мешаванд. Ин тасмим ба хотири“гузаронидани машқу тамринҳои вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо барои роҳпаймоии бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” унвон шудааст.
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ аз ронандаҳои воситаҳои нақлиёт хоҳиш мекунад, аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ