Пахши роҳрӯб аз ҷониби ронандаи «Старекс»

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки 22-юми июни соли ҷорӣ, тахминан соати 23:30 дақиқа дар кӯчаи Р.Набиеви ноҳияи Сино садамаи нақлиётӣ рух дод.

Ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай Старекс», рақамҳои қайди давлатиаш 1253CN01, Сафаров Фарҳод Ашуралиевич, санаи таваллудаш 17.05.1993, сокини шаҳри Ҳисор ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдуллоева Қурбонгул Акрамовна, санаи таваллудаш 15.07.1985, сокини шаҳри Душанбе, ки ҳамчун роҳрӯб дар Муасиссаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино фаъолият мекард, пахш намудааст.

“Мутаассифона, дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ пиёдагард Абдуллоева Қ., бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда  Фарҳод Сафаров парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *