Пахта таъсири хуби зиддисаратонӣ дорад

Аслан то ба имрӯз аз назари илмӣ тамоми паҳлӯҳои таркиби кимёвии пахта то ба дараҷаи лозимӣ омӯхта нашудааст. Дар таркиби пахта равғани растанӣ, моддаҳои дубилӣ, заҳри қотили госипола, ки таъсири хуби зидди саратонӣ дорад, зидди вирусӣ ва зидди захмӣ мавҷуд мебошад. Агар аз нуқтаи назари илмӣ бинем дар чигиташ элементҳои зола 3,79% макро элементҳо К-(калий)-15,8%, Са-(калсий) 2,8 %, Мg-(магний 2,7%, Fe-(оҳан)-0,04%, микроэлементҳо ё худ микроунсурҳои Mn-0,04%, Cu-0,63%, Cr-0,03%, Ba-0,28%, Ni-0,11%, Sr-0,02%, J-0,06,%, B-55,2%-ро дорад.

Дар хусуси хосиятҳои шифобахшии пахта метавон гуфт, решаи онро ки дорои госсиполу, маводҳои дубиливу витаминҳои C ва K , равғани эфир, триметиламин мебошад, барои иллатҳои сил, саратон, захмҳои пӯст, варамҳо, барои зуком васеъ истифода мебаранд. Витамини K ҳама намуди хунравиро шифо мебахшад. Рагҳои хунравро мустаҳкам мекунад. Ҳолатҳои судабандии рагҳоро шифо мебахшад.

Дар илми гомеопатия обҷӯш ё ки маҳлули спиртии аз решаи пахта тайёршударо барои бедорхобии шабона, барои таксикозҳои занони ҳомила  ва дар ҳолати нодуруст шудани сиклҳои физиологии ҳайзи занон истифода мебаранд.

Бояд гуфт, ки аз барги пахта кислотаҳои лимуӣ ва себӣ тайёр мекунанд. Аз нуқтаи назари илмӣ муайян шудааст, ки дар таркиби равғани пахта алкалои ди ниҳоят заҳрноки госсипол мавҷуд аст ва он ба ҷигар ва узвҳои дигар метавонад таъсири манфӣ расонад. Аслан, илм ин равғанро барои истеъмоли инсон тавсия намедиҳад, он ҳамчун рағани техникӣ бояд истифода шавад, зеро истеъмолаш метавонад, дар организми инсон гепатити таксикиро пайдо намояд. Исбот шудааст, ки агар кунҷораашро 63 рӯз гов истеъмол кунад, дар рӯзи 64 –ум мемирад.

                                                                                                       Маҳмудова  Муҳтарам

                                                                                                                Омӯзгори коллеҷи тиббии ш. Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *