Дар яке аз мактабҳои шаҳри Херсон яроқ пайдо карданд
Артиши Русия дар яке аз мактабҳои шаҳри Херсон қароргоҳи дифоъро кашф кардаанд.
Вазорати дифои Русия хабар дод, ки низомиёни Русия қароргоҳи воҳиди дифои ҳудудӣ дар мактаби Херсонро кашф кардаанд. «Афсарҳои Русия дар шаҳри Херсон ситоди дифоъи ҳудудии Украинаро кашф карданд. Ин дафъа миллатгароёни украинӣ барои ҷойгир кардани худ аз яке аз мактабҳои ин шаҳр истифода карданд»,- омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки намояндагони сохторҳои дифоъи ҳудудӣ аз мактаб ҳамчун нуқтаи ҷойгиршавӣ истифода карда, онро ба як такягоҳ табдил додаанд. Вазорати дифоъ гуфтааст, худи муассисаи таълимӣ ва таҳхона аз қуттиҳои муҳимоти ҷангӣ, аслиҳа, инчунин доруворӣ ва техникаи низомӣ пур шудааст.
Илова мешавад, ки низомиёни Русия биноро дар мавриди мавҷуд будани минаҳо ва ашёи мунфаҷира муоина карда, тамоми аслиҳа ва муҳимоти ҷангиро берун кардаанд. Баъд бино ба ихтиёри маъмурият дода шудааст.
«24-уми феврал неруҳои мусаллаҳи Украина, ки дар тан либоси ғайринизомӣ доштанд, вориди мактаб шуданд. Онҳо зуд дар синфхонаҳо ҷойгир шуданд, ба ворид кардани қуттиҳо, баъзе чизҳо, баъзе таҷҳизот, чанд бастаҳои калон шуруъ карданд, маро бо таҳдид аз мактаб ронданд. Аз афташ, онҳо сарбоз буданд, аммо ҳама дар тан либоси шаҳрвандӣ доштанд. Онҳо биноҳо, синфҳоро кушоданд, ҷойгир шуданд»,- гуфтааст директори мактаб Татяна Васюнина.
Гуфта мешавад, ки ин афрод бо тарки мактаб чанд ҳуҷҷат гузоштаанд, ки ба шарофати онҳо низомиёни Русия тавонистаанд бо ширкаткунандагони ҳаракати дифоъи ҳудудӣ дар шаҳр тамос бигиранд. Илова мешавад, ки яке аз онҳо ба низомиёни Русия макони махфии силоҳ ва муҳимоти ҷангиро, ки дар таҳхонаи бинои истиқоматии худ муҷаҳҳаз кардааст, ишора кардааст.
Автоматҳои Калашников ва патронҳо барои онҳо дар қубурҳои филизӣ нигоҳ дошта мешуданд, ки бо кафкҳои монтажӣ пур карда мешуданд, то аслиҳа нам нашавад. Ҳоло неруҳои мусаллаҳи Русия тамоми вилояти Херсонро назорат мекунанд.
Рӯзи 24-уми феврал Русия амалиёти низомиро барои безараргардонии Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро «ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ