Пайдо шудани ҳуҷҷати “Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ” пас аз 79 сол
Номи снайперисти маъруфи тоҷик Тешабой Одилов дар замони Шӯравӣ хеле маъруф буд. Корномаҳои ӯ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ вирди забонҳо шуда, дар бораи ӯ адибону журналистон, аз ҷумла Б. Ғафуров, М. Турсунзода, П. Лкунитский, И. Брагинский, М. Раҳимӣ ва дигарон шеъру мақола ва очерку ҳикояҳо навиштаанд…
… Вале то ҳамин сол маълум набуд, ки Тешабой Одилов низ дар қатори дигар фарзандони бузурги тоҷик бо унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шудааст. Гарчанде худи Тешабой Одилов умри дарози бобаракат дид, вале аз унвони баландаш огоҳӣ надошт.
Инак, бо гузашти 79 сол аз Ғалабаи Артиши Шӯравӣ бар фашизм, ҳуҷҷати ба унвони баланди “ҚАҲРАМОНИ ИТТИФОҚИ СОВЕТӢ” сарфароз гардонидани сержанти калони полки 65-уми тирандози дивизияи 43-юм Одилов Тешабой, ки соли 1945 дода шудааст, пайдо шуд. Ин ҳуҷҷат дар сомонаи “Памят народа”, ки Вазорати дифои Федератсияи Русия дар асоси архиви Ҷанги Бузурги Ватанӣ таъсис додааст, нашр гардид. Яъне сафи фарзандони диловари тоҷик, ки бо унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мукофотонида шудаанд, як нафар зиёд шуд. Ахиран, муҳаққиқи тоҷик Умари Шерхон дар натиҷаи ҷустуҷуҳои бисёрсола теъдоди Қаҳрамонони Иттифоқи Советиро 67 нафар шуморида, дар бораи онҳо дар китобаш “Пурдил” маълумот овардааст.
Мавриди ёдоварист, ки Тешабой Одилов соли 1918 дар деҳаи Ҳушёри водии Фарғона таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна ва техникуми омӯзгорӣ, як муддат дар Фарғона муаллим шуда кор кардааст. Ӯ соли 1939 ба сафи артиши Шӯравӣ даъват мешавад. Хизмати сарбозиаш ба поён нарасида, Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз меёбад.
Тешабой Одилов ҷангро дар Беларуси Ғарбӣ пешвоз гирифт. Тибқи ҳуҷҷате, ки феълан пайдо шудааст, ӯ 3 маротиба ҷароҳат бардошта, баъди табобат гирифтан боз ба хати фронт бармегардад. Ӯ аввал дар ҳайати полки 638-уми тирандози дивизияи 115 ва баъдан дар ҳайати полки 65-уми тирандози дивизияи 43-юм ҷангида, дар замони ҷанг ҳамчун тирандози уқобчашм ном бароварда буд.
Тешабой Одилов на танҳо худаш корномаҳои бузург нишон медод, балки дар вақти ярадорӣ ва табобаташ ба тарбияи снайперистони ҷавон машғул мешуд. Номи қариб 25 шогирди ӯ ҳамчун снайперист дар замони ҷанг вирди забонҳо шуда буд.
Тешабой Одилов дар озод кардани Беларус, аз муҳосира наҷот додани Ленинград, озод кардани ҳудуди имрӯзаи Гатчина то Рига ширкат кардааст. Ӯ муҳорибаро дар Латвия ба охир мерасонад. Номбурда баъд аз Ғалаба ҳам дар сафи артиши ИҶШС хизматро идома дода, соли 1947 ба захира фиристода мешавад.
Баъди ба Ватан баргаштан Тешабой Одилов институти педагогиро хатм карда, солҳои зиёд ба ҳайси омӯзгор ва директори мактаби деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона кор карда, соли 1998 аз олам мегузарад.
Номи нек ва корномаи Тешабой Одилов дар асарҳои муаррихон, журналистон ва адибон умри абадӣ ёфтааст. Пайдо шудани ҳуҷҷати нав, яъне ба унвони баланди “Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ” сарфароз шудани ӯ рӯҳашро шод хоҳад кард.
О. НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ