Пайравӣ ба Президент. ВКД ҳам маошашро ба фонди зидди коронавирус мегузаронад
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ тасмим гирифт, ки якҷоя ба ҳайати роҳбарикунандаи ин мақомот 50% маоши моҳонаи худро ҳамчун кумак ба фонди маблағгузории пандемияи COVID-19 гузаронанд.
Ин ташаббуси вазир имрӯз, 1 май дар ҷаласаи видео-селектории назди Вазири корҳои дохилӣ гирифта шуд. Дар ин бора ба Pressa.tj Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масъалаҳои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷаласаи навбатии Ҳукумати мамлакат рӯзи 30 апрели соли 2020 вобаста ба чораҳои пешгирии паҳншавии пандемияи COVID-19 бар меоянд, баррасӣ гардид.
“Вазири корҳои дохилӣ қайд намуд, ки акнун вақти он расидааст, ки мо шабу рӯз вазифаҳои ба ӯҳда доштаамонро иҷро намуда, дар ин лаҳзаҳои ҳассос паҳлӯи мардумамон бошем. Бояд ба мардум фаҳмонем, ки ба воҳима ва таҳлука дода нашаванд. Нақшаҳои давлату Ҳукумат барои мубориза бар зидди ин вабои аср омода аст. Чораҳои пешгирикунанда аз тарафи сохторҳои дахлдори ҳукумат гузаронида шуда истодааст. Ба хабарҳои гуногуни воҳимаангезу бардурӯғ бовар накарда, аз паси зиндагии муқаррарӣ гардида, гигиенаи шахсиро (маҳдудият аз дигарон, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, мунтазам шустани дасту рӯй)-ро риоя намоянд”, гуфт манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ