Пайроҳаи ноҳамвори Хуршед Шокир

Ин навбат меҳмони барномаи интернетии Орзу Исоев “Ногуфтаҳо” ҳунарманди маъруфи тоҷик Хуршед Шокир буд. Суҳбати онҳо аз ҷои кор оғоз шуда, меҳмон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар идораи фарҳанги шаҳри Леваканд фаъолият дорад.

Хуршед Шокир мегӯяд, ки ҳоло 52 сол дошта, соҳиби шаш фарзанд — чор духтару ду писар аст. Дар мавриди шавқу ҳаваси фарзандонаш бошад, мегӯяд, ки як писараш, ки ҳоло дар синфи нуҳум мехонад, каму беш ба санъат таваҷҷуҳ дорад.

Сипас дар бораи марги модари мусоҳиб сухан рафта, ӯ нақл мекунад:

— Ба модарам хизмат карда натавонистам. Мариз буд ва ман дар Душанбе. То аз пойтахт омадам, ки дер шуда буд, вале шукр, ки бародаронам ҷойи маро пур карданд.

Хуршед Шокир дар идома аз ишқи нокомаш мегӯяд. Нақл мекунад, ки як духтарро аз ноҳияи Темурмалик дӯст медошт, вале модараш дурии роҳро сабаб карда, аз ноҳияи худашон духтареро интихоб карду ба занӣ дод.

Дар охир Орзу Исоев риштаи суҳбатро доир ба бозхонии таронаҳои Хуршед Шокир аз ҷониби овозхонҳои ҷавон бурд ва меҳмон гуфт, ки бархеҳояш барои хондани сурудҳоям иҷозат мепурсанд, вале бархеаш не. Барои мисол, ӯ гуфт, ки Зулайхо Маҳмадшоева ва Соро Аҳмадова барои бозхонӣ иҷозат гирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *