Пайванди ду қаҳрамон

Корномаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва фарзанди фидоии миллат Абдураҳим Ҳоҷибоев ба ҳамагон маълум аст, вале кам касон медонанд, ки ин ду оила бо ҳам пайванди хонаводагӣ доштанд…

Оғоз

Нусратулло Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоев. Номи ин ду фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ки яке унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро дорад, барои ҳар фарди худшинос ошност. Эшон дар лаҳзаҳои ҳасос ва барои миллати тоҷик сарнавиштсози оғози асри ХХ дар сафи пеши мубориза буданд ва барои ҳимояи ҳуқуқи тоҷикон ҷонбозиҳо карданд. Маҳз Махсумҳо ва Ҳоҷибоевҳо барин фарзандони ҷоннисор буданд, ки дар харитаи олам номи Тоҷикистон пайдо шуд. Вале дар ин нигошта сухан аз корномаи ин ду бузургмард нест, балки аз пайванди хонаводагии эшон аст, ки кам касон медонанд. Бале, дуруст дарк кардӣ, хонандаи азиз, Нусратулло Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоев натанҳо дар якҷоягӣ барои ҳадафҳои олӣ мубориза мебурданд, балки қудо ҳам буданд ва бо андохтани тарҳи як оилаи муштарак ва пайванди ду хонаводаи элитаи сиёсӣ, барои ояндаи нек дар дил орзуҳо мепарвариданд…

Ангеза

Ба наздикӣ Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ меҳмони Душанбе буданд. Зимни суҳбате, ки бо эшон доштем, аз кору пайкори  падарбузургашон Абдураҳим Ҳоҷибоев ёдоварӣ кардем. Чун сухан аз қисмати талхи ин фарзанди муборизи миллати тоҷик рафт, Фарзона гуфтанд:

— Абдураҳим Ҳоҷибоев ва ҳаммаслаконашон барои миллати тоҷик метавонистанд хизматҳои бештаре кунанд, вале қурбони дасисаи бадхоҳон шуданд. Эшон то ба охир ба ҳукумат ва ба ғояҳояшон содиқ буданд. Ҳатто дар Маскав бо Нусратулло Махсум қудо шуданд, яъне тарҳи зиндагии ояндаро дар сар мепарвариданд. Аммо афсӯс…

— Магар Нусратулло Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоев қудо буданд?,- бо ҳайрат пурсидам.

— Ҳа. Вале ин факт дар ҷое сабт нашудаву ҷуз мо — пайвандону наздикон касе онро намедонад. Феълан дар Хуҷанд яке аз набераҳои ин ду қаҳрамон, ки умрашон ба 90 наздик аст, зиндагӣ мекунанд,- гуфтанд Фарзона ва таваҷҷуҳи маро ба ин мавзуъ эҳсос карда, идеяи аҷиб доданд:

— Ин сафар ба Хуҷанд биёед, ба ман телефон кунед. Ман шуморо ба хонаи ин хешовандамон мебарам…  

Шаҳри Хуҷанд. Мошини мо аз роҳи калон ҷониби маҳаллаи Низомӣ гашт. Хуҷандиёни бузургсол ин маҳалларо Даштак мегӯянд. Дар ин сафар маро ду муҳаққиқи рӯзгори Абдураҳим Ҳоҷибоев ҳамроҳӣ мекунанд, яке профессор Матлубаи Мирзоюнус ва дигаре пажуҳишгар Субҳони Аъзамзод, ки беш аз 20 сол аст, ки ба таҳқиқи ин мавзуъ машғуланд.

— Кӯдакиҳои бобои мо дар ҳамин маҳалла сипарӣ шудааст,- ба суҳбат оғоз мекунад профессор Матлубаи Мирзоюнус.- Падари Абдураҳим Ҳоҷибоев, яъне бобокалони мо Ҳоҷибой боғдор буданд. Феълан, як кӯча болотар номи бобоямро дорад. Хонае, ки ҳозир меравем, ҳавлии падарии Абудраҳим Ҳоҷибоев аст…

Ду фидоӣ — ду ҳамқисмат

Нуратулло Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоев ҳамқисмат ҳастанд. Ҳар ду дар оилаи деҳқон таваллуд шудаанд. Яке соли 1881 дар Раштонзамин, дигаре соли 1900 дар Хуҷанд. Ҳар ду дар давраҳои ҳассос дар муҳити Қӯқанд ба камол расиданд. Нусратулло Махсум нахуст ба мардикорӣ омад ва ба ҳаракатҳои бедорӣ пайваста, соли 1921 дар сафи инқилобчиён қарор гирифт. Дар ин давра Абдураҳим Ҳоҷибоеви 20-сола баъди хатми Университети давлатии Туркистон фаъолияти кориашро ба ҳайси ходими давлатӣ дар уездҳои Қӯқанд оғоз намуд. Ҳар ду аз ибтидо ҳамақида буданд. Аввал зери парчами Армияи Сурх барои наҷоти ҷомеа аз сохти куҳна талош карданд, баъдан дар лаҳазоти ҳасос барои ҳуқуқи тоҷикон мубориза бурданд. Ҳар ду узви комиссияи тақсимоти милливу марзӣ буданд ва барои як ваҷаб замини тоҷикон ҷоннисорӣ карданд. Ҳар ду бо Сталин дар алоқаи мустақим қарор доштанд. Чун давлати Тоҷикистон соли 1924 аввал ба ҳайси автономия дар ҳайати Ӯзбекистон таъсис ёфт ва соли 1929 ҷумҳурии шӯравии алоҳида шуд, вазифаҳои калидӣ ба дӯши онҳо гузошта шуд. Нусратулло Махсум дар вазифаи раиси мақоми олии давлатӣ — Комитети Иҷроияи Марказии ҶМШС Тоҷикистон ва баъди таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон раиси КИМ-и ҶШС Тоҷикистон интихоб гардид. Абдураҳим Ҳоҷибоев бошад, минҳайси раиси Шӯрои Нозирони Тоҷикистон ба фаъолият пардохт. Ҳар ду то соли 1933 дар ин вазифа кор карданд. Ҳар ду баробар ба гирдоб афтоданд…

Сиёҳкунии элитаи сиёсӣ

Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Нусратулло Махсум ҳар ду дар як вақт қурбони ҳуҷуми мафкураи замон гаштанд. Талоши онҳо барои ҳуқуқи тоҷикон аз ҷониби муғризон “миллатгароёна” унвон шуда, КМ ҲК(б) Тоҷикистон дар қарори «Дар бораи вазъияти ташкилоти фирқавии Сталинобод» аз 14-уми ноябри соли 1933 «саҳв»-ҳои сиёсии ононро “асоснок” кард. Дере нагузашта раиси нави ШКХ ҶШС Тоҷикистон А. Раҳимбоев сиёсати «муштзӯрӣ», «зиддидавлатӣ», «зиддишӯравӣ»-и Нусратулло Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоевро “ошкор” кард. Дар натиҷа ин нафарон аз вазифа сабукдӯш шуданд.

Пажуҳишгари зиндагиномаи Абдураҳим Ҳоҷибоев Субҳони Аъзамзод ин қазияро чунин шарҳ медиҳад:

«Охири соли 1933 ва солҳои 1934-1936 марҳалаи танқиди шадиди сиёсати Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Нусратулло Махсум аст. Дар ин давра мавҷи ситезу ошӯб алайҳи фаъолият ва мақоми онон боло рафт. Аз рӯи навиштаи Алӣ Хуш ва Мирзо Турсунзода, дар ин айём гӯё «маскаи сиёҳи рӯи онҳо комилан бардошта ва тамоми хиёнати онҳо дар назди оммаи меҳнаткаш ошкор» шуд (То охир решакан мекунем / Тоҷ. сурх. — 1933. — 11-уми июн. — №132 (1431). — С. 2).

Ин раҳбарон пас аз муқовимат ва саркӯбии шадиди ҳизбиву давлатӣ ва пас аз сабукдӯшӣ аз вазифа соли 1934 барои таҳсил ба шаҳри Маскав фаро хонда шуда ва се-чаҳор соли охири умрашон дар ихтиёри Кумитаи марказии Ҳизби коммунист қарор ёфт. Ҳоҷибоев ва Махсум — ду лидери сиёсии тоҷик солҳои 1934-1937 дар Институти иқтисодии Профессураи сурх шунаванда гардида ва дар кӯчаи Серафимович, бинои 2, хонаи 387 умр ба сар бурданд.

Аз чигунагии муносибати замона ба ин раҳбарон дар институт огоҳ нестем. Ҳамин қадар медонем, ки дар ҷаласаҳои институт низ пайваста «иштибоҳ»-у «рафтори дағали сиёсӣ»-ашон шадидан муҳокима ва танқид мешудааст. Ҳатто, аз рӯйи санади муаррихон фишурдаи (реферат) илмии Абдураҳим Ҳоҷибоев «Ҳаракати Стаханов ва истеҳсолоти меҳнат»-ро аз он сабаб маҳкум кардаанд, ки бо Николай Бухарин ошноӣ дошта ва бо шинухезаш “таъсири ғояҳои ӯро гирифтааст” (Б. Ходжибаева. Абдурахим Ходжибаев, с. 152).

Ҳамин тавр, ҳар ду баробар — 25-уми январи соли 1937 ба қатл маҳкум мешаванд…

Набераи қаҳрамон

Муҳаббат-оча (хуҷандиҳо бибиро оча мегӯянд) дар саҳни ҳавлии барҳаво моро пешвоз гирифтанд ва бо чеҳраи кушод ба меҳмонхона даъват намуданд. Даромадан замон рӯйи миз портретҳо, аксҳои таърихӣ, мактубҳо ва китобҳоро дида, пурсидам:

— Шумо аз афташ ба омадани мо омода шудаед…

— Бале,- гуфтанд Муҳаббат-оча ва ба китобҳо ишора карда, ба суҳбат идома доданд: “Ин ду китоб барои ман азиз аст. Онҳоро ду набераи бобоҳоям чоп кардаанд. Якеро Матлубаи Мирзоюнус — набераи Абдураҳим Ҳоҷибоев, дигареро Баҳринисо Қобилова — набераи Нусратулло Махсум”.

Ман аксҳову номаҳо ва китобҳоро як-як аз назар гузаронида, хоҳиш мекунам, ки қиссаи вохӯрии падару модарашонро бароям қисса кунанд.

Муҳаббат-оча оҳи сард кашида, ба Матлубаи Мирзоюнус муроҷиат карданд:

— Гиряам меояд. Ҳамаро гуфта наметавонам. Шумо гӯед, ман илова мекунам.

Профессор Матлубаи Мирзоюнус ҳаводиси 8 даҳа пеши оилаашро чунин ба ёд меорад:

— Оилаи Ҳоҷибоевҳо 5 фарзанд буданд: 2 хоҳар — Мағфиратхон ва Монатнисо ва се додар — Абдураҳим, Салимбой ва Абдуманнон.

Баъд аз оне, ки соли 1934 Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Нусратулло Махсумро бо баҳонаи таҳсил дар Институти иқтисодии Профессураи сурх ба Маскав мефиристанд, барои онҳо дар кӯчаи Удалтсов дар канори Дарёи Москва як хонаро ҷудо мекунанд. Дар як қисмати ин хона оилаи Ҳоҷибоев ва дар қисмати дигар оилаи Нусратулло Махсум ҷой гирифта буданд. Нусратулло Махсум аз оилаи якумашон, ки зодаи Раштонзамин буданд, як писар доштанд: Анваршоҳ. Пас аз вафоти ҳамсари аввалашон он кас дуюм маротиба бо як бонуи қуқандӣ оиладор мешаванд ва фарзандони дигарашон — Мунаввар, Хосият, Акбар (академик) ва Музаффар ба дунё меоянд. Аммакалони мо Мағфиратхонро Нусратулло Махсум ба писари калониашон Анвар келин мекунанд.

Хушбахтӣ дер давом накард

— Тарҳи ин оила чӣ тавр ба вуҷуд омад?,- суол мекунам аз Муҳаббат-оча.

Посухи эшон чунин буд:

— Вақте Абдураҳим Ҳоҷибоев дар Москва зиндагӣ мекарданд, хоҳаронашон пайваста ба наздашон рафта меомаданд. Ҳатто дар курсҳои махсуси Москва низ таҳсил карда буданд. Чун ин ду оила дар як хона зиндагӣ мекарданд, модарамро падарам дида, хуш мекунанд ва хостгор мешаванд. Ҳамин тавр, онҳо издивоҷ мекунанд. Аз ин издивоҷ ду фарзанд мешавад: Ман — Муҳаббатхон Анваровна (дар шиноснома Тамара), соли таваллудам 1938 ва хоҳарам худораҳматӣ Роҳатхон Анваровна (дар шиноснома Алла), соли таваллудашон 1940. Соли 1941 падарам ба ҷанг мераванд ва соли 1942 ба ҳалокат мерасанд. Модарам бо ду кӯдак танҳо монданд.

Гиря Муҳаббат-очаро гулӯгир мекунад.

— Аммакалонҳои мо Мағфиратхон ва Монатнисо ҳар ду занҳои босавод буданд. Пайваста мутолиа мекарданд ва дар даврони калонсолӣ ҳар ду биотун буданд ва дар маъракаҳо дуохонӣ мекарданд. Ҳар ҳафта ба хонаи мо меҳмон шуда, хати арабиро ба ман омӯзониданд,- гуфтанд Матлубаи Мирзоюнус.

Муҳаббат-оча худро ба даст гирифта, аз пиёла як қулт чойи сард ошомиданд ва ба суҳбат идома доданд:

— Падару модарам ҳамдигарро дӯст медоштанд. Чун падарам низомӣ буданд, дар ҳар минтақа хизмат мекарданд. Бинобар ин, ақди никоҳашон дар Украина баста шуду ман дар Владивосток ва Роҳатхон дар Харков таваллуд шудем. Модарам мегуфтанд, ки падарат шахси меҳрубон буд ва шуморо сахт дӯст медошт. Вақте ҷанг оғоз мешавад, соли 1941 аз аввалин нафароне буданд, ки ба фронт мераванд. Лекин қабл аз ин, моро ба поезд савор карда, ба Тоҷикистон мефиристанд. “Дар ҷанг сарнавишти ман чӣ мешавад, худо медонад. Шумо бояд дар Ватан бошед. Агар бо ман коре шавад ҳам, дилам тахт, ки шумо бесоҳиб намемонед” гуфта, моро ба Ватан гусел мекунанд. Вақте бувам меоянд, на ҷойи кор, на шароит на хона. Бинобар ин, дар хонаи падар меистанд. Хеле азоб кашиданд.

Пайванди “душмани халқ”

Муҳаббати самимии Анвар Нусратуллоевич ба ҳамсараш Ҳоҷибоева Мағфират аз аксҳо ва номаҳое, ки аз фронт фиристода шудааст, эҳсос карда мешавад. Ӯ ба ҳамсараш бо меҳурбонӣ “азизам” гӯён муроҷиат менамояд ва ҷигарбандонашро Аллочка ва Тамарочка гӯён навозиш мекунад. Вале дар қалби Анвар Нусратуллоевич ва ҳамсараш ҳамеша тарсу ҳарос буд, зеро онҳо ҳар ду аз оилаи “душмани халқ” буданд. Фақат аз хонаводаи Абдураҳим Ҳоҷибоев ҳамон солҳо 11 нафар зиндонӣ шуда буданд. Оилаи Нусратулло Махсум низ аз ин фоҷеа эмин набуд.

Бинобар ин, вақте Мағфират Ҳоҷибоева ба Ватан бармегардад, зиёд азоб мекашад. Муҳаббат-оча мегӯянд, ки “модарам ҳамагӣ як рӯз дар мактаб кор карданду халос, дигар як умр дар колхоз заҳмат кашиданд”. Шояд тамғаи “душмани халқ” имкон надод, ки ин бону корҳои идорӣ кунад.  

Аз аризае, ки 13-уми январи соли 1961 ба Комиссариати ҳарбии вилояти Ленинонободи РСС Тоҷикистон шаҳрванд Ҳоҷибоева Мағфират, истиқоматкунандаи ноҳияи Хуҷанд, ҷамоати Унҷӣ, кӯчаи Низомӣ, хонаи 12 навиштааст, бармеояд, ки ӯ зиндагии борифоҳе надоштааст. Гарчанде соли 1958 Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Нусратулло Махсум сафед шуда буданд, вале ӯро ҳамоно мушкили молиявӣ домангир будааст ва ӯ хоҳиш мекунад, ки нафақаи шавҳари дар ҷанг ҳалокшудаашро барояш диҳанд…

Пайванди элитаи сиёсӣ

Вақте соли 1934 Нусратулло Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоевро ба Москва фиристоданд, онҳо гумон намекарданд, ки ба “бадарға” мераванд ва сарнавишташон дар охир ба ҳайси “душмани халқ” ба анҷом мерасад. Табиист, ки онҳо дар дил орзуҳо мепарвариданд ва дар сар барои ояндаи миллаташон нақшаҳое доштанд. Пайванди хонаводаи ду элитаи сиёсӣ чун анъана мавқеи онҳоро мустаҳкам мекард. Дигар ин ки, Нусратулло Махсуми ғармӣ хоҳари Абдураҳим Ҳоҷибоеви хуҷандиро келин карданаш низ бесабаб нест. Ин аз як тараф таърифи сиёсӣ дошта бошад ҳам, аз ҷониби дигар набудани маҳалгароӣ дар зеҳни ин ашхоси бузург буд.

Вале чӣ илоҷ? Сарнавишти ду бузургмард ба талхӣ анҷом ёфт.

Вале ин пайванд бесамар набуд. Имрӯз насли муштараки Ҳоҷибоев ва Махсум зиёд шуда, барои ободии Ватан мекӯшанд ва аксҳову ҳуҷҷатҳо ва мактубҳои зардшударо варақ зада, аз гузаштаи боифтихори хеш меболанд ва худро авлоди қаҳрамон меноманд.

— Шумо бо фарзандони дигари Нусратулло Махсум равуо доштед?,- пурсидам аз Муҳаббат-оча.

— Бале. Робитаамон хуб буд. Солҳои пеш, ки ҷавонтар будам, равуо мекардем. Моро амакҳоям Мунаввар, Акбар ва Музаффар ва ҳам аммаам Хосият хеле дӯст медоштанд. Дар маъракаҳои ҳамдигар иштирок мекардем. Ҳоло онҳо ҳама аз олам гузаштанд. Фақат ман мондаму ҳамсари Акбар Махсум.

Муҳаббат-оча 84 сол умр дорад. Ӯ таърихи зиндаест аз оилаи ду элитаи сиёсӣ.

Ҳар гоҳ, ки даст ба дуо мебардорад, аввал ба руҳи гузаштагонаш фотеҳа мехонад, баъдан барои ояндаи неки Тоҷикистон дуо мекунад, дуо мекунад, ки иштибоҳҳои гузашта такрор нашаванд.

Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *