Пайвандони Раҷабалӣ Назаров дар бораи марги ӯ: “Зуд шустему гӯрондем”

Ҷасади Раҷабалӣ Назаров, сокини 19-солаи деҳаи Каҷровути ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштичро рӯзи 21 апрел  кормандони комиссариати ҳарбии ин ноҳия ба хонаашон овардаанд. Дар ин бора хабар медиҳад Радиои Озодӣ

Гуфта мешавад, ки мақомот сабаби марги Раҷабалӣ Назаровро дарди шадиди гурда ва аз кор мондани он гуфтаанд, вале пайвандони сарбоз ба расона иттилоъ додаанд, ки дар бадани ӯ осори латукӯбро диданд.

Абдуҳафизи Ғойибназар, бародари Раҷабалӣ Назаров, рӯзи 21-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст: «Соати 10:20 оварданд ва соати 11 шустему гӯрондем, зеро хуни зиёд дошт. Лабу биниаш кабуд ва чанд ҷояш зада буд. Қафои сараш дарида ва захми зиёд дошт».

Наздикони Раҷабалӣ дар мавриди бемор будани ӯ шубҳа доранд ва мегӯянд, модоме ки замони ба хизмати аскарӣ бурдан вай бемор набуд ва бо сабаби гурдадард фавтида бошад чаро лабу аъзои дигари баданаш кабуд буд?

Ба иттилои манбаъ фавти ин сарбозро масъулони мақомоти маҳаллӣ низ тасдиқ карданд. Аҳрор Набиев, раиси деҳаи Каҷровути ноҳияи Деваштич, гуфтааст, ки Раҷабалиро ба ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб бурдаанд ва ба сабаби тағйири боду ҳаво нафасгир шуда, дилаш аз кор мондааст ва то ҳол натиҷаи ташхиси табибонро надидаем.

Аммо вобаста ба ин Радиои Озодӣ натиҷаи ташхисро пайдо кардааст, ки он ҷо навиша шудааст: «Сабаби бевоситаи фавт варами шадиди майнаи сар, варами шадиди шушҳо, норасоии шадиди нафас ва кори дилу рагҳост.»

Гуфта мешавад, ки Раҷабалӣ Назаров дар даъвати тирамоҳии соли 2020 ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ рафта, 6 моҳ дар қисми низомие дар ноҳияи Восеъ адои хидмат кардааст. Пайвандонаш гуфтанд, ӯро як ҳафта пеш ба ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бурда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *