Пайвандсозии узвҳо дар Туркия: зиндагии нав бо узви нав

Сатҳи пайвандсозии узвҳо дар Туркия яке аз баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Туркия, ҳамасола дар ин кишвар беш 5000 ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо анҷом мешавад, ки дар Аврупо болотарин рақам ҳисоб меёбад.

75 дарсади узвҳо аз донорҳои зинда дарёфт мешавад. Ба далели инфрасохтори пешрафтаи тиббӣ ва таҷриба бузурги корӣ Туркия аз рӯи пайвандсозии узвҳои зинда сеюмин кишвари ҷаҳон ҳисоб меёбад.

Пайвандсозии ҷигар, гурда, марғзи устухон ҳам дар миёни калонсолон ва ҳам кӯдакон аз бахшҳои умдаи пайвандсозӣ маҳсуб мешавад.

Дар пайи маъракаҳои ҳамасолаи баланд бардоштани огоҳии мардум, ки дар ҷараёни Ҳафтаи Миллии Донории Узвҳо сурат мегирад, теъдоди донорҳо дар Туркия аз 500 000 бештар шудааст.

Ҳар номзад ба донорӣ, хоҳ фарди ватанӣ, хоҳ хориҷӣ ҳатман аз назорати ҷиддии тиббӣ ва ахлоқӣ мегузаранд.

Одатан беморони хориҷӣ бояд бо донорҳо аз ҷумлаи наздикони худ биёянд. Вале ҳолатҳои истисноӣ низ ҳаст. Масалан, агар беморе, ки ба пайванди мағзи устухон ниёз дораду дар кишвараш донор пайдо накунад, метавонад аз хизмати Бонки Миллии Донорҳои Туркия истифода кунад.

Беморони хориҷӣ, ки барои пайвандсозии пардаи гавҳараки чашм ба Туркия омадаанд, низ метавонанд аз хизмати ин бонк истифода кунанд.

Ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо дар Туркия бо усулҳои навтарин ва бо истифода таҷҳизоти ҷарроҳии мудерн анҷом мешавад. Дар чунин шароит пайвандгарони турк метавонанд ҳатто кӯдакони вазнашон 4-6 килограммро ҷарроҳӣ кунанд.

Истифодаи васеъ аз ҷарроҳии лазерӣ ва тавассути робот  аз ҷумлаи дастовардҳои пайвандсозии муосир аст. Масалан, ҷарроҳони турк барои пайвандсозии гурда аз ҷарроҳӣ тавассути робот истифода мекунанд. Техникаи роботӣ ба қисматҳое, ки расидан ба он тавассути дасти одамӣ душвор аст,  бемалол ворид мешавад. Ин имкон медиҳад аз бурриши калон худдорӣ шуда ва муддати пас аз ҷарроҳӣ низ дар бемористон  ҷиддан коҳиш ёбад.

Пайвандсозии ҳуҷайраҳои кучак яке аз самтҳои дар ҳоли рушди Туркия маҳсуб мешавад. Муолиҷаи ҳуҷараҳои кучак ҳангоми бемориҳои вазнин, назири фалаҷи мағзӣ, латхурии мағзи сутунмӯҳра, саратони ҷигар, ва бархе аз бемориҳои худэминӣ натиҷаҳои хуб доданд. Ба ибораи дигар, ҳуҷараҳои кучак дар ҷое, ки тибби анъанавӣ оҷиз аст, кумак карда метавонад. Ин ҳуҷайраҳо барои иваз кардани ҳуҷайраҳои фаъол, ки ҳангоми латхурӣ ё беморӣ нобуд мешаванд, истифода мегарданд. Барои бештари беморон ин танҳо имкони сиҳати комил ҳам набошад барои беҳбуди зиндагӣ мебошад.

Дар маҷмӯъ, дар Туркия тандурустӣ сареъан рушд мекунад, ҳукумат барои тайёр кардани пизишкон дар хориҷи кишвар  ва харидории таҷҳизоти замонавӣ сармоя ҷудо мекунад. Дар зарфи 20 соли ахир маҷмӯъи умумии сармоягузорӣ дар ин бахш ба 30 миллиард доллари амрикоӣ расидааст.

Бо мақсади рушди туризми байналмилалии тиббӣ  ва расондани кумак ба беморони хориҷӣ дар соли 2005 дар Туркия Ассотситсияи сайёҳии тиббии Туркия (АСТТ) таъсис гардид. Имрӯз АСТТ на танҳо дар Туркия, балки дар ҷаҳон бузургтарин иттиҳодияи тандурустӣ ҳисоб меёбад, ки 375 узв, аз ҷумла, бемористону клиника, марказҳоимуолиҷа бо обҳои гарму тавонбахшӣ, меҳмонхонаҳо, марказҳои тиббӣ бо шумули 167 намояндагӣ дар92 кишвари ҷаҳонро дар бар мегирад.

Ба далели зерсохтори рушдёфта, мутаносиби бесобиқаи нарх ва сифати хизматрасонии тиббӣ ҳамасола ҳудуди 1 миллион нафар аз тамоми гӯшаю канори дунё барои ташхису табобат ба Туркия меоянд. Ин тааҷҷубовар нест. Зеро имрӯз Туркия дар соҳаи тиб бо кишварҳои пешрафтаи аврупо ва ҷаҳон дар як сатҳ қарор дорад. Бештари пизишкони турк дар Олмон, кишварҳои дигари Аврупо ва ИМА таҷриба омӯхтаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки нархи хизматрасонии тиббӣ дар Туркия нисбат бо Аврупои Ғарбӣ, Амрико ё Исроил арзонтар аст.

Клиникаҳои беҳтарини Туркия дорои сертификатҳои болотарин меъёрҳои сифати байналмилалии JCI ва TEMOS International барои хизматрасонии тиббӣ ба беморон мебошанд.

“Имрӯз Туркия имконоти олии тандурустиро дорад. Ҳамарӯза мо барои табобату тавонбахшӣ аз 165 кишвар дархостҳо дарёфт мекунем. Ин дархостҳо умдатан ба ҳолатҳои мураккаб дар бахшҳоионкология, пайвандсозии узвҳо, нейрохирургия, ортопедия ва амрози қалбӣ миёни калонсолону кӯдакон рабт мегирад”, — мегӯяд Эмин Чакмак, раиси Ассотсиатсияи сайёҳии тиббии Туркия (АСТТ).

Ғайр аз расондани кумак дар интихоби клиника Ассотсиатсияи сайёҳии тиббии Туркия ба беморони хориҷӣ бартариҳои дигар, назири интиқоли ройгон аз фурудгоҳ,  тахфифи будубош дар меҳмонхона дар Туркия, пешниҳоди тарҷумони ройгон ва ғайраро пешниҳод мекунад.

Тоҷикистон:

[email protected]

https://thtdc.org

+992 988821288

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *