Пайвастани сари бурида вақт мехоҳад (тафсилоти куштори падару духтар дар Перм)

Пас аз боздошти қотил, тоҷикон халта оварда, барфи хунинро ҷамъ оварданд ва кӯчаро аз нишонаҳои хун шустанд

Рӯзи 3 феврал дар Заостровкаи вилояти Перми Русия як зани ҳомилади 21-сола ва падари ӯ кушта шуданд. Шавҳари марҳум бо гумони куштор дастгир карда шуд. Ин оила қисме аз диаспораи тоҷикон буданд, ки дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд ва дар бозори маҳаллӣ кор мекунанд.

Журналистони пойгоҳи хабарии “59.ru” аз маҳалли ҷиноят дидан карда, бо намояндагони диаспораи тоҷик сӯҳбат кардаанд. Шӯрои занони диаспораи Перм ҳоло ба маросими дафни кушташудаҳо омодагӣ мебинад, баъд аз зӯҳр онҳо дар манзили волидайни духтари фавтида дар хонае дар кӯчаи Маяковский ҷамъ омаданд. «Ба мо додани ҳар гуна маълумот манъ аст ва мо худамон низ чизе намедонем» гуфт Курбангулы Сиярова, раиси шӯрои занони диаспораи тоҷик, ба 59.RU.

— Танҳо маълум аст, ки онҳо хуб зиндагӣ мекардаанд, зиндагии муқаррарӣ. Мо худамон ҳам чизе намефаҳмем. Мо намедонем, ки шавҳари ин зан чандсола буд, аммо зани кушташуда 21-сола буд, ӯ дар хона бо фарзандонаш менишаст. Духтари якунимсола, писари чормоҳа дорад. Ҷабрдида боз ҳомиладор буд. Субҳи имрӯз ман дар Маскав будам, нав расидам, шояд пас аз он ки мурдаҳоро аз сардхона гирем, чизе маълум мешавад”. Ба гуфтаи намояндагони диаспора, кӯдакон ҳоло ё дар беморхона ё дар ягон муассисаи иҷтимоӣ ҳастанд. Яке аз ҳамсояҳо ба хабарнигори мо гуфт, ки шаби гузашта дар маҳалли қатли падари зан издиҳоми азиме аз тоҷикон ҷамъ омада буданд. «Онҳо дод мезаданд ва мехостанд, ки қотилро худашон ҷазо диҳанд»,- гуфт зан.

— Полиси ОМОН ҳама ҷоро иҳота кард ва онҳоро ба ҷои ҷиноят роҳ надод. Полис марди кушташударо барои ташхис буридааст. Пас аз боздошти қотил, тоҷикон халта оварда, барфи хунинро ҷамъ оварданд ва кӯчаро аз нишонаҳои хун шустанд. Мардум тақрибан соати 23:00 пароканда шуданд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки дар тӯли солҳо онҳо ба диаспораи тоҷик одат кардаанд. Онҳо қайд карданд, ки инҳо одамони хубе буданд ва бо тоҷикон ҳеҷ ихтилофе набуд.

Ин аввалин куштори ваҳшатнокест, ки сокинони маҳалла бо он рӯбарӯ шуданд. Ҳамсоягоне, ки дар болои манзиле, ки дар он ҷо куштор рух додааст зиндагӣ доранд, ба рӯзномангорон гуфтанд, ки қабл аз тоҷикон, дар ин манзил русҳои ҷангара зиндагӣ мекарданд ва онҳо аксар вақт мардумро безобита мекарданд.

Тавре огоҳи ёфтем, Зайниддин Иброҳимов, раиси ҷамъияти тоҷикон дар Перм, рӯзи 6-уми феврал ба “Озодӣ” гуфтааст, ки тобути падару духтарро омода кардаанд ва аз сардхона ба фурудгоҳ ва баъдан ба Тоҷикистон мефиристанд. Ба гуфти ӯ, онҳо бояд рӯзи панҷуми феврал тобутҳоро мефиристоданд, вале Шӯъбаи тафтишотии Перм иҷоза надодааст, зеро пайванди сари аз тан ҷудошуда вақт мехостааст.

Кушташудаҳо дар ноҳияи Тоҷикободи минтақаи Рашт, зодгоҳи духтару падар, ба хок супурда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *