Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд соҳиби бинои нав мешавад

Дар шаҳри Хуҷанд  ба бинои нави Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд санги асос гузошта шуд. Бинои нав дар маҳаллаи «Ваҳдат»-и шаҳри Хуҷанд бунёд мешавад.

Дар маросими оғози корҳои сохтмонии бино  раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ширкат варзиданд.

“Бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд низ иншооти ҷашнӣ буда, бо бунёду мавриди истифода қарор гирифтани он барои кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад”,-иттилоъ медиҳад макази матбуоти раиси вилояти Суғд.

Гуфта мешавад, ки бино аз 4 ошёна иборат аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *