раиси Панҷакент

Панҷакент — мавзеи бостонӣ бо имкониятҳои бузурги истеҳсолӣ

Соли гузашта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент иброз дошта буданд, ки Панҷакент дар баробари яке аз мавзеъҳои бостонии кишварамон будан, бо имкониятҳои бузурги истеҳсолии худ яке аз шаҳрҳои бузурги саноатии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас дорад. Аз ин гуфтаҳои Сарвари давлат масъулини шаҳри Панҷакент руҳбаланд гардида, дар соли 2022 чандин корҳои судмандро анҷом додаву ба дастовардҳои зиёд ноил шудаанд.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ

Дар “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2021-2025”, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент аз 30-юми декабри соли 2020, №48 тасдиқ гардидааст, татбиқи 118 лоиҳаи афзалиятнок ба маблағи 1 миллиарду 866 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 23 лоиҳа ба маблағи 1 миллиарду 710 миллион сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 63 лоиҳа ба маблағи 85 миллиону 230 ҳазор сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 25 лоиҳа ба маблағи 51 миллиону 130 ҳазор сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 7 лоиҳа ба маблағи 20 миллиону 115 ҳазор сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода ва 2 лоиҳа ба маблағи 3,3 миллион сомонӣ ба бахши таъминоти захиравӣ пешбинӣ карда шудааст.

Бино ба иттилои раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, дар соли гузашта ҷиҳати иҷрои лоиҳаҳои пешбинишуда 793,3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ хароҷот шудааст, ки ин 42,5 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад. “Рафти иҷрои барномаи мазкур зери назорати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент қарор дорад”,- меафзояд ӯ.

Иҷрои буҷети давлатӣ

Дар соли 2022 нақшаи даромади буҷети давлатӣ 105,4 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 630 миллион сомонии тасдиқгардида ба буҷет 664 миллиону 104 ҳазору 579 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 34 миллиону 104 ҳазору 579 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли 2022 нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба ҷои 201 миллиону 827 ҳазор сомонӣ 206 миллиону 278 ҳазору 152 сомонӣ таъмин карда шудааст, ки ин 102,2 фоизи нақша мебошад.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар соли 2022 ба ҷои 220 миллиону 510 ҳазор 288 сомонии пешбинигардида 219 миллиону 476 ҳазору 280 сомонӣ хароҷот карда шудааст, ки ин 99,5 фоизи нақша мебошад.

Талаботи нафақа ба ҳолати 1-уми январи соли 2023 ба миқдори 98 миллиону 613 ҳазору 246 сомонӣ муайян гардида, то ба ин давра мувофиқи реҷаи тасдиқшуда мунтазам маблағгузорӣ ва пардохт карда шудааст.

Мувофиқи ҳисоботҳо, дар ин давра дар шаҳр қарз аз пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ вуҷуд надорад.

Рушди соҳибкорӣ

Баҳри мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоягузорон дар асоси қарори раиси шаҳри Панҷакент Шӯро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ташкил карда шуда, фаъолияти он тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст. Мувофиқи нақшаи чорабинҳо аз 14-уми октябри соли 2021 ҳар моҳ як маротиба вохӯрии раиси шаҳри Панҷакент бо соҳибкорон баргузор гардида, муроҷиатҳои онҳо баррасӣ ва монеаву мушкилоти рушди соҳибкорӣ бартараф карда мешаванд.

Дар шаҳри Панҷакент шумораи соҳибкорони инфиродӣ дар соли 2022 аз аввали бақайдгирӣ 8907 нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 53 нафар зиёд мебошад. Баҳри фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян анҷом дода шуда, дар ин давра ба иқтисодиёти шаҳр 12,8 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ва 360 миллиону 821,6 сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шудааст.

Рушди соҳаи саноат

То соли 2021 дар шаҳри Панҷакент 17 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, теъдоди онҳо дар соли 2022 ба 25 адад расонида шудаву ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ якҷо бо хизматрасонии пулакӣ 4 миллиарду 607 миллиону 428,4 сомониро ташкил додааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз тарафи ҶДММ КМ “Зарафшон” дар давраи ҳисоботӣ 4 млрд 329 млн 775 ҳазор сомониро ташкил намудааст. Дар ин давра аз 46 намуди муҳимтарин маҳсулоти саноатӣ истеҳсоли 24 номгӯй ва ё 52,2 фоиз афзудааст. Дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум истеҳсоли ангиштсанг 3,6, регу сангмайдаи сохтмонӣ — 1,7, консерва — 1,7, орд беш аз 40 баробар афзудааст. Истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 1,7 баробар ва шароб 4,7 фоиз зиёд шудааст.

Айни замон дар шаҳри Панҷакент 1 корхонаи коркарди маъданҳои куҳӣ, 1 адад металгудозӣ, 2 адад коркарди қуму шағал, 6 адад корхонаи истеҳсоли хиштҳои бинокорӣ ва сементӣ, 3 коргоҳи қаннодӣ, 2 коргоҳи маҳсулотӣ ширӣ, 1 адад маҳсулоти нонӣ, 2 адад истихроҷи ангишт, 1 адад нӯшокиҳои спиртӣ, 1 адад сангҳои ороишӣ, 1 матбаа, 2 коргоҳи хизматрасонӣ, 1 коргоҳи коркарди гаҷ, 1 коргоҳи мизу курсӣ, чандин коргоҳҳои дӯзандагӣ, аз ҷумла коргоҳҳои “Маҳсул” ва “Маърифатпарвар”, ки ба дӯхтани сарулибоси мактабӣ машғуланд, фаъолият мекунанд.

Соҳаи кишоварзӣ

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр 1,483 миллиард сомониро (соли 2021-ум 1,399 миллион сомонӣ) ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 84,0 миллион сомонӣ зиёд буда, ё 106 фоизро ташкил медиҳад. Тибқи ҳисобҳо дар ин давра 36,1 фоизи маҳсулоти кишоварзӣ ба заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ, 32 фоиз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 31,2 фоиз ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ рост меояд.

Соли 2022, тибқи маълумотҳои оморӣ, дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 28733,7 гектар, аз ҷумла ғалла, лӯбиёгиҳо, зироати техникӣ, картошка, сабзавот, полезиҳо, зироати хӯроки чорво ва ғайра кишт карда шудааст, ки ин аз соли 2021-ум бештар аст. Соли 2022 истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ, аз ҷумла ғалладона ба 49788,5, аз он шолӣ ба 14696,5, картошка 73411,3, сабзавот 102151, полезиҳо 2328,9 тонна, мева 5638,2 ва ангур ба 5150,6 тонна расонида шудааст.

Баробари ин, соли 2022-юм 10,8 тонна пилла (соли 2021-ум 8 тонна) истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 35 дарсад зиёд мебошад.

Бояд қайд кард, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр 3 ҳазору 864 оилаи занбӯри асал мавҷуд буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 174 оилаи занбӯри асал зиёд мебошад. Истеҳсоли асал дар давраи ҳисоботӣ ба 45,4 тонна расидааст, ки нисбати соли 2021-ум 200 кг зиёд мебошад.

Дар ҳудуди шаҳру деҳоти Панҷакент дар масоҳати 155,2 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ бунёд шуда, дар онҳо беш аз 59,3 миллион сар моҳӣ парвариш карда мешавад. Дар соли 2022 дар шаҳр 46,6 тонна моҳӣ фурӯхта шудааст.

Ба ҳолати 1-уми январи соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 87803 сар чорвои калон ва 207,3 ҳазор сар моли майда парвариш карда мешавад.

Сохтмон ва меъморӣ

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бунёди 1000 адад иншоот пешбинӣ шудааст, ки дар давоми соли 2022-юм 199 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуда, барои бунёди онҳо 165,7 миллион сомонӣ маблағ хароҷот шудааст.

Соли 2022 дар самти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон фаъолияти муназзам ба роҳ монда, ҷиҳати таҳкими корҳои ободониву созандагӣ бо маблағгузории буҷети ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ, инчунин бо ҷалби сармояи соҳибкорон корҳои зиёде ба ҷо оварда шуда, ба маблағи 360821,6 ҳазор сомонӣ сармояи асосӣ, ки нисбат ба соли 2021-ум 1,7 баробар бештар аст ва ба маблағи 121153,8 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудаанд.

Айни ҳол корҳо дар сохтмони 15 бинои истиқоматии бисёрошёна, бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар ҳуҳуди шаҳр, беморхонаи минтақавии деҳаи Ғӯсари ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, мактаб барои 240 хонанда дар деҳаи Боғчаи ҷамоати деҳоти Шинг, аввалин корхонаи металлургӣ барои коркарди мис дар шаҳраки Суғдиён бомаром идома доранд.

Рушди соҳаи маориф

Соли таҳсили 2022-2023 дар шаҳри Панҷакент 155 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 12 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 124 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия, 2 литсей, 1 мактаби хусусӣ ва 19 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дошта, дар муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 68 ҳазору 765 нафар, аз ҷумла 33 ҳазору 638 нафар духтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумораи хонандагон нисбат ба соли таҳсили 2021-2022-юм 1088 нафар зиёд мебошад.

Дар соли 2022, мувофиқи маълумоти оморӣ, дар шаҳри Панҷакент 19 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 12 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаи маорифи шаҳр, 2 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 5 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият намуда, 3 ҳазору 489 нафар кӯдакро ба тарбия фаро гирифтаанд.

Дар шаҳр 1 муассисаи таҳсилоти олӣ ва 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошта, аз рӯи беш аз 30 намуди ихтисос мутахассис тайёр мекунанд. Дар ин муассисаҳо 398 нафар устодон ба кори таълиму тадрис машғул ҳастанд, ки 18 нафари онон профессору доктори илм ва 16 нафар номзадҳои илм мебошанд.

Ҳоло муассисаҳои таълимии шаҳр дорои 1860 компютер, 345 принтер, 69 тахтаи электронӣ, 90 проектор ва 905 камераҳои назоратӣ мебошанд.

Соҳаи тандурустӣ

Дар шаҳри Панҷакент ҳамагӣ 162 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла 22 муассисаи сохтори госпиталӣ, 26 муассисаи хусусии тиббӣ, 106 муассисаи сохтори КАТС (кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ), 8 муассисаи махсусгардонидашуда фаъолият мекунанд.

Ба 314 ҳазору 400 нафар аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент ва бархе аз манотиқи навоҳии ҳамсоя 22 муассисаи госпиталӣ, аз ҷумла беморхонаи марказии шаҳр, 41 марказҳои саломатӣ, аз ҷумла маркази саломатии шаҳрӣ, 65 хонаи саломатӣ, 17 марказҳои махсусгардонидашуда хизмати тиббӣ, 3 шифохонаи хусусӣ бо зиёда аз 1785 нафар кормандони тиб хизмат мерасонанд.

Дар шаҳри Панҷакент 4 муассисаи тиббии хусусӣ бо 60 кат барои мизоҷон фаъолият мекунанд.

Ба аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент 344 нафар табиб, 1441 нафар кормандони миёнаи тиб, 58 нафар табибони оилавӣ, ҳамагӣ 1785 нафар хизмати тиббӣ расонида истодаанд.

Вазъи соҳаи фарҳанг

Дар шаҳри Панҷакент 30 китобхона, 4 муассисаи клубӣ, 1 Кохи Фарҳанг, (1 муассисаи давлатии маҷмааи эҷодӣ-фарҳангии ба номи устод Л. Шералӣ), 1 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, 2 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 мактаби бачагонаи санъат, 4 ансамбл, 1 радио ва 2 телевизиони маҳаллӣ фаъолият доранд.

Ҳоло масъалаи ба феҳристи ёдгориҳои умумибашарии Созмони ЮНЕСКО ворид намудани ёдгориҳои таърихии Панҷакенти Қадим, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро, Тухсанкорез, Санҷаршоҳ, Тали Хамтуда мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳамчунин, татбиқи лоиҳаи тармим ва нигоҳдории ёдгории Панҷакенти қадим, ки аз ҷониби ниҳоди марбутаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағгузорӣ мешавад, барои ҳифзи он мусоидат хоҳад кард.

Ҷавонон ва варзиш

Шумораи умумии ҷавонон дар шаҳри Панҷакент 107 ҳазору 400 нафарро ташкил медиҳад.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бунёд ва таъмиру тармими иншооти варзишӣ пешбинӣ гардидааст, ки барои рушди соҳаи варзиш ва таъмини солимии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад.

Айни ҳол дар миқёси шаҳр 1 ҳавзи шиноварӣ, 28 майдончаи варзишӣ, 1 маҷмааи варзишӣ, 37 толори варзишӣ ва 132 иншооти дигари варзишӣ фаъолият доранд.

Рушди соҳаи сайёҳӣ

Ҳоло дар шаҳри Панҷакент 23 ширкати сайёҳӣ ва як ташкилоти ҷамъиятии “Шӯрои Зарафшон оид ба рушди сайёҳӣ” фаъолият мекунанд. Ҳамзамон, дар шаҳр 4 маркази иттилоотии сайёҳӣ, 9 меҳмонхона, 2 пойгоҳи сайёҳӣ ва 22 хонаи қабули меҳмонон бо ғунҷоиши зиёда аз 750 ҷой, 4 осорхона ва 330 ёдгориҳои таърихӣ фаъолият доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ 1 меҳмонхонаи замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, сохтмони 1 меҳмонхона идома дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии сайёҳони ба шаҳри Панҷакент ташрифоварда 13109 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 7889 нафар сайёҳони дохилӣ ва 5220 нафар сайёҳони хориҷӣ буда, аз инҳо 700 нафар сайёҳони экологӣ, 7162 нафар таърихию фарҳангӣ мебошанд.

Ба гуфтаи раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд андешида, барои бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагиро вусъат мебахшад.

Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО

Аксҳо аз Рустамбек Аҳмадзода ва дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *