Панҷ фоида ва як зарари хурмо

Хурмо яке аз меваҳои маъмул дар дастархони рамазонии ҳар як мусалмон аст. Мегӯянд, ки Паёмбари Ислом (с) бо хурмо рӯза мекушодаанд. Дар ин матлаб оид ба фоидаву зарари хурмо ба шумо маълумот медиҳем.

 Хурмо меваи машҳур ва маълум аст. Миҷози ин самар дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст. Ҳангоми ифтор 2-4 дона истеъмол кардани хурмо ва ҳангоми саҳархӯрӣ низ 2-4 дона хӯрдани он имкон медиҳад, ки ҳангоми рӯзадорӣ нерӯманд бимонед.

Хислатҳои шифобахши он: ҳамчун ғизо пурқувват аст, аз он дар бадан хуни устувор пайдо мешавад; барои иллатҳои фалаҷ, каҷ шудани рӯй ва мондагӣ дармон мешавад; гурдаи лоғарро қавӣ мегардонад, баданро фарбеҳ мекунад, барои одамони сардмиҷоз қуввати беҳ мебахшад ва бемориҳои аз сардӣ баамаломадаро нафъ дорад, дарди камарро дафъ месозад, буғумҳои баданро мулоим мегардонад; барои узвҳои даруни сина ва шуши сардмиҷозон мувофиқ ва форам аст.

Тарзи истеъмоли хурмо

1. Хурморо дар об ҷӯшонида, он обро бо ҳулба биёшоманд, таби балғамиро дафъ мекунад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

2. Агар оби хурморо бо биринҷи пухтагӣ бихӯранд, одамони лоғарро фарбеҳ мегардонад.

3. Хурморо як шабонарӯз дар шири навдӯшида, хусусан бо дорчинӣ тар карда, баъд бихӯранд ва аз болои он боз шири навдӯшида биёшоманд, боҳро қавӣ мегардонад, лекин вазнин ва дерҳазм аст, дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо мекунад.

4. Тухмашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Агар онро чун орд маҳин кӯфта, бихӯранд, исҳолро мебандад ва ҳатго дарунро сахт мекунад.

5. Агар донаки он, яъне тухмашро сӯхта, ос карда, ба решҳои хабиса (злокачественные язвы) бипошанд, сиҳат мебахшад. Ин сӯхтаи онро кӯфта, дар об шуста, хушк карда, ба ҷароҳатњои нав бипошанд, шифо мебахшад ва инро чун сурма ба чашм кашанд, намегузорад, ки мижаҳо бирезанд, шилпуқии чашмро ба ибро меоварад, чашмро тез мекунад, захмҳои чашмро дафъ мекунад ва худи чашмро сиёҳ мегардонад.

Таъкид!

1. Зиёд хӯрдани хурмо барои одамони гарммиҷоз зарар дорад.

2. Одамони мамлакатҳое, ки дар он ҷо хурмо намерӯяд, набояд онро бисёр истеъмол фармоянд. Зеро дар бадани онҳо хилти савдо пайдо мекунад, дар ҷигарашон гиреҳҳо ба амал меоварад, таб мегиронад, хунро месӯзонад, ахлоти баданро бадбӯй месозад, дарди сар медиҳад, дар даҳон ҷӯшиш пайдо мекунад, чашмро ба дард меоварад, ба дарди дандон гирифтор менамояд. Дар ин ҳолатҳо оби анор, сиканчабин (сиркоасал), равғанҳо ва бодоми ширин истеъмод намоянд, зиёнаш ислоҳ меёбад. Инчунин, баъди хурморо хӯрдан даҳонро бо об бишӯянд, хуб аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *