Панҷаи оҳанин. Дар Туркманистон писар ба ҷойи падар президент мешавад?

Изҳороти Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар мавриди ба ҷавонон додани қудрат ва эълони интихоботи ғайринавбатӣ дар кишвар хабари ғайриинтизори Осиёи Марказӣ буд. Зеро чунин ташаббусро касе аз диктатори №1-и минтақа интизорӣ надошт.

Тасмими душвор

Санаи 12-уми феврал президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, ки ба ҳокимияти давлатӣ дар марҳалаи нави рушди кишвар бояд ба раҳбарони ҷавон роҳ дода шавад. Дар ин бора сомонаи хабаргузории давлатии Туркманистон ТДХ хабар додааст.

«Ман тарафдори он ҳастам, ки роҳ ба идоракунии давлатӣ дар марҳалаи нави рушди кишварамон бояд ба роҳбарони ҷавон дода шавад, ки дар муҳити маънавӣ ва мутобиқ ба талаботи баланди замон тарбия ёфтаанд»,- гуфт Бердимуҳаммадов.

Вай афзуд, ки ният дорад минбаъд низ таҷрибаи зиндагӣ ва сиёсии худро ба ин самт равона кунад. Бердимуҳаммадов ҳамчунин гуфт, ки «дар бораи худ як тасмими душвор» қабул кардааст.

 Панҷаи оҳанин

Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз соли 2007, замони ба қудрат расиданаш (пас аз марги туркманбошӣ, Сафармурод Ниёзов) Туркманистонро бо панҷаҳои оҳанин роҳбарӣ дорад. Муҳлати президентии ӯ бояд соли 2024 ба охир мерасид. Вай ҳамзамон сарвазир аст ва инчунин, вазифаи раиси Шӯрои Мардумӣ, палатаи болоии парлумони Туркманистонро ба уҳда дорад. Чизе, ки бо Қонуни асосии он кишвар дар “ҷанг” аст. Коршиносон мегӯянд, таъйини интихоботи зудҳангом ё пеш аз муҳлат низ бо поймол кардани қонунҳои Туркманистон сурат гирифтааст.

 Писар ба ҷойи падар 

Писари Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов — Сардор Бердимуҳаммадов, ки муовини сарвазири Туркманистон аст, номзад ба мансаби президенти Туркманистон пешбарӣ шуд.- Қарор дар ин бора дар анҷумани IX ғайринавбатии Ҳизби демократи Туркманистон, ки рӯзи 14-уми феврал доир гардид, қабул шуд,- хабар медиҳад РИА “Новости”.

“Иштирокдорони анҷуман суханронии Сардор Бердимуҳаммадовро, ки ба мансаби президентӣ номзад пешбарӣ мешавад, дастгирӣ намуданд”,- гуфта мешавад дар хабари нашршуда. Маъракаи интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Туркманистон 12-уми марти соли равон баргузор мешавад.

Сардор Бердимуҳаммадов ягона писари президенти кунунии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов буда, ӯ боз ду духтар дорад. Сардор Бердимуҳаммадов соли 1981 таваллуд шудааст.

Хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзии Туркманистон ба номи С. Ниёзов аз рӯи ихтисоси муҳандис-технолог ва Академияи дипломатии ВКХ Русия (мутахассис оид ба муносибатҳои байналмилалӣ) мебошад.

Ӯ ҳамчунин дар Маркази сиёсат оид ба амнияти Женева таҳсил карда, мутахассиси бахши амнияти аврупоӣ ва байналмилалӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *