Панҷакент: Ҳалокати як наврас ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар Мингдона (аудио)

Як сокини 17-солаи деҳаи Мингдонаи ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ба ҳалокат расидааст.

Тибқи иттилои ба Pressa.tj расида, ин ҳодиса рӯзи якуми ноябр тахминан соати 18:40 дақиқа рух додааст. Гуфта мешавад, ки ин писарбача ҳангоми ҷамъоварии ҳезум қоидаҳои бехатариро риоя накарда ва пояш лағжидаву ба дарёи Зарафшон сарозер шудааст.

Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ аз ҷониби имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дирӯз бенатиҷа анҷом ёфта, субҳи имрӯз ин ҷустуҷӯҳо аз сар гирифта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки дар рӯзҳои сарду боронӣ аз рафтан ба куҳу пушта, соҳили рӯдхонаҳо ва дашту саҳро худдорӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *