Панҷакент: Ҳамлаи хирс ба Артуч
Чанд моҳ аст, ки мардуми деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент аз ҳамлаи хирс ба чорвоёни шохдор, аз ҷумла гов ба дод омадаанд. Дар ин муддат чанд маротиба бо ариза ба ноҳия муроҷиат карданд, вале то ҳол чорае андешида нашудааст.
Ҳамлаҳои пай дар пайи хирс идома дошта, то ин муддат қариб ба сӣ сар чорвоёни калони шохдор зарар расонда, аксарияташонро ба ҳалокат расонидааст. Мардум нигарони онанд, ки агар вазъият чунин идома кунад, эҳтимоли ҳамлаи хирс ба кӯдакону наврасон, дур нест. Хирс ҳайвони бузургпайкару қавист ва ба “Китоби сурх” дохил шудааст. Бинобар ин, шикору несту нобуд кардани он мамнӯъ дониста мешавад.
Дар ин муддат мардуми деҳа чанд маротиба бо ариза бо мақсади аз талу теппаҳои наздикии деҳ дур кардани хирс ба ноҳия муроҷиат кардаанд. Вале то ҳол ин масъала роҳи ҳалли худро наёфтааст.
Навомеҳр Аҳмадзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ