Панҷакент: Дар Бӯстон барои бунёди мактаб замин ҷудо мешавад
Барои бунёди мактаб дар деҳаи Бӯстони шаҳри Панҷакент қитъаи замин ҷудо мешавад.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо гурӯҳи корӣ ба деҳаи Бӯстон омада, зимни боздид аз деҳа ба масъулини сохторҳои дахлдор ҷиҳати аз ҳисоби қитъаҳои замине, ки солҳо боз истифода намешаванд, барои бунёди муассисаи таълимӣ ҷудо намудани қиъаи замин ва таҳияи лоиҳаи бинои он дастур дод.
Дар ин боздид ҳамчунин раиси шаҳр ба сокинони деҳа — волидони хонандаи синфи 2 -юми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 Тарона Ниёззода изҳори таслият кардааст. Тарона Ниёззода 30 октябри соли равон бар асари ҳодисаи нақлиёт ҳангоми бозгашт аз мактаб фавтида буд.
Аз сабаби он, ки дар деҳа бинои мактаб нест, кӯдакон барои таҳсил ҳар рӯз ҳудуди 7-8 км роҳро тай карда, ба деҳаҳои ҳамсоя -Гулистон ва Марғедар мераванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ