Панҷакент: Изҳори қаноатмандӣ аз ҳосили фаровони “Арасту”
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ҳангоми сафари корӣ ба ҷамоати деҳоти Моғиён аз боғи хоҷагии инфиродии “Арасту” дар мавзеи Майдонча дидан намуда, аз ҳосили фаровон ва хушсифати себ изҳори қаноатмандӣ намудааст.
Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Панҷакент, дар ин мавзеи дар собиқа лалмӣ аз масофаи чор километр хати об кашида, дар майдони панҷ гектар боғи себ бунёд карда шудаст. “Ҳосили себро тоҷирон бевосита аз сари замин бо нархи хуб харидорӣ мекунанд,- меафзояд манбаъ.
Дар ин боздид раиси шаҳри Панҷакент ҳамчунин бо рафти шудгору кишти заминҳо дар кооперативи тиҷоратии “Моғиён” шинос шуда, барои дар муҳлати мувофиқ анҷом додани кишти тирамоҳӣ дастур додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ