Панҷакент нақшаи буҷетро барзиёд иҷро кард
Дар ҳафт моҳи соли равон қисми даромади буҷети шаҳри Панҷакент аз рӯи ҳама намудҳо ба ҷои 357 миллион сомонӣ дар ҳаҷми 385 413 100 сомонӣ ба иҷро расидааст. Ин баробари 108 фоизи нақша мебошад.
Ин маълумот дар ҷаласаи фаъолони Панҷакент, ки бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо баргузор шуд, садо дод.
Зимнан, Абдухолиқ Холиқзода аз муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо, раисони маҳаллаҳо, ҷамоатҳои деҳот доир ба фаъолият ва иҷрои супоришҳо пурсиш ба амал овард.
Гуфта мешавад, ки дар ин давра ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети маҳаллӣ -107, вилоятӣ — 96 ва ҷумҳуриявӣ баробари 138,1 фоиз ба иҷро расида, таъминоти пулии муассисаҳои буҷетӣ, пардохти нафақаю кумакупулиҳо сари вақт сурат гирифтааст.
Дар баробари ин, раиси шаҳр аз муовини раиси шаҳр, нозироти андоз сабабу омилҳои ба иҷро нарасидани нақшаи воридоти маблағҳоро аз рӯи 6 намуди андозҳо, ки 31,1 миллион сомониро ташкил медиҳад, пурсон шудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳоло дар шаҳр 20 корхонаи саноатӣ фаъол мебошад. Масъулин иброз доштаанд, ки 13 корхонаи саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд намуда, 4 корхонаи саноатӣ фаъолият накардааст.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз масъулин ва сарварони корхонаҳои саноатӣ сабабҳои ин ҳолатро ҷиддӣ пурсида, барои фаъол гардонидани ҳамаи корхонаҳои саноатӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ дар доираи барномаи рушди саноат вазифа гузоштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ