Панҷакентиҳо билети арзон харида, дар миёнароҳ монданд

Дирӯз даҳҳо тан дар назди бинои ҳукумати шаҳри Панҷакент ҷамъ омаданд. Онҳо мусофироне буданд, ки мебоист тариқи гузаргоҳи “Саразм” – “Ҷартеппа” ба Ӯзбекистон рафтаву аз он ҷо ба Русия парвоз мекарданд. Аммо аз шаби 3-юми август гузаргоҳи марзӣ баста шуда, мусофироне, ки аксарият сокинони Панҷакент мебошанд, ҳайрон мондаанд. Сабаби баста шудани марзро мақомот тавзеҳ надодаанд, аммо раиси шаҳр ба назди ҷамъомадагон баромада, ваъда додааст, ки мушкилашонро баррасӣ мекунанд. Бинобар баланд будани нархи билет аксари муҳоҷирони тоҷик моҳҳои охир Узбекистонро ба ҳайси кишвари транзитӣ истифода мебаранд. Аз ин пештар онҳо шикоят карда буданд, ки марзбонони тоҷик барои убури сарҳад ришва мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *