Панҷакенту Шаҳристон ҳам нақшаро дар 1 рӯз иҷро карданд
Панҷакенту Шаҳристон ҳам нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи аввал иҷро намуданд.
Тавре ки мухбири Pressa.tj дар вилояти Суғд хабар медиҳад, шаҳри Панҷакент нахустин шуда, 1 октябр — дар рӯзи якуми даъвати тирамоҳии ҷавонон ба қисмҳои низомӣ иҷро кард.
Дар шаҳри Панҷакент то рӯзи якуми даъвати тирамоҳӣ 428 нафар ҷавонони синни даъватӣ аз комиссияи тиббӣ гузаштанд. Аз ҷумла, 270 нафар дар мактаби ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳр ба таҳсил фаро гирифта шуда, даҳҳо нафар ҷавонон ба таври ихтиёрӣ хизмати Ватанро интихоб намудаанд.
Ноҳияи Шаҳристон низ дар нахустин рӯз нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуд.
Дар ҳамоиши идона роҳбарияти ноҳияи Шаҳристон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхона ва ташкилотҳо, даъватшавандагон ва падару модарони онҳо иштирок намуданд.
Дар чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи даъватшваанда қайд карда шудааст, ки хизмат намудан ба Ватан қарзи шаҳрвандӣ ва муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ