Панҷекат дуруст аст, на Панҷакент
Номи Панҷекат дар мутуни давраи исломӣ ба сурати Банҷекат ва Панҷекат омадааст. Макварт (Joseph Markwart), ховаршиноси бузурги олмонӣ номи пешини онро бо бои маҷҳул (پنجیکت) Панҷекат ва Ли Истранҷ (Guy Le Strange (1854 — 1934) мусташриқи бузурги инглис) Банҷекат навиштааст.
Дар оғози давраи исломӣ, яъне қарни ҳафтум Панҷекатро “Панҷ” меномиданд. Дар он замон шаҳри Панҷ дар баробари Самарқанд яке аз шаҳрҳои муҳими минтақа будааст! Номи ин шаҳрро ҳам дар гузашта ва ҳам акнун сокинони он диёр Панҷекат мегуфтанду мегӯянд!
Тибқи иттилои манобеи мухталиф, ин шаҳр дар ҷанубу шарқии Самарқанд, дар канори рӯдхонаи Зарафшон, дар сари Роҳи Абрешим бунёд шуда ва дар садаи ҳафтум ба камоли тараққии худ расидааст. Андаке баъд аз ин таърих аз дасти аъроби биёбонгард вайрон гашт, вале таъмир ва бозсозӣ шуд ва то қарни нуҳум обод буд. То он ки бар асари аҳамият ёфтан ва бузург шудани Самарканд ва Бухоро, ки аз шаҳрҳои ҳамин водӣ буданд, ба тадриҷ аз аҳамият афтод. Ин шаҳр ховартарин шаҳри Суғд ба шумор меомад ва дар шарқи он ноҳия қарор дорад. Бо ин ки Паргар (баъдҳо Фалғар) дар авоили даҳаи ҳаштуми мелодӣ ҷузъи қаламрави Деваштич фармонравои Панҷекат қарор дошт, баъдтар дар садаҳои 9 ва 10-и мелодӣ бахше аз Усрӯшана будааст. Ин шаҳр борҳо аз дасти бегонагон ба нобудӣ кашида шуда ва дубора эҳё шудааст. Номи шаҳр бетардид Панҷекат буда, ки мардуми минтақа талаффуз мекунанд ва ҳар гуна варианти гуфторӣ ё навиштории дигар саҳеҳ нест.
Сафар АБДУЛЛО, профессор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ