Панҷшер озод шуд? Ҷабҳаи муқовимат алайҳи “Толибон”
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд мегӯяд, ки дар Андароби вилояти Бағлон ба Толибон зарбаи сахт заданд. Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, шаби 8-уми май даргириҳои сахт миёни размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва неруҳои Толибон дар Панҷшер идома кардааст. Сокинони Панҷшер мегӯянд, ки Толибон ғайринизомиёнро озору азият медиҳанд. Толибон ин даргириҳоро ночиз мешуморанд.
Даъвоҳои ду тараф
Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ шоми якшанбе дар “Твиттер” навишт, ки талафот ба Толибон дар минтақаҳои Пули Ҳисорак ва Қосони ноҳияи Андароб ворид шудааст, вале омори мушаххас наовард.
Манбаъҳои дигар ҳам ин хабарро тасдиқ накардаанд ва ҳукумати Толибон дар ин маврид чизе нагуфтааст.
Ҳамзамон як мақоми баландпояи Толибон дар вилояти Панҷшер мегӯяд, фармондеҳи амнияти Толибонро дар ноҳияи Руха боздошт кардаанд. Абубакр Сиддиқ, сухангӯи волии Толибон дар Панҷшер ба бахши афғонистонии Радиои “Озодӣ” гуфтааст, ки фармондеҳ Нуруламин дар робита ба даргириҳои ахир дар ноҳияи Дара боздошт шуд.
Баъзеҳоро раҳо карданду чандеро бо худ бурданд
Як сокини Панҷшер ҳам гуфт, ки Толибон дар ноҳияи Дара ба ҷустуҷӯи хона ба хона идома дода, мардумро озору азият кардаанд. Яке аз бошандагони ноҳияи Дара ба “Озодӣ” гуфт, ки дар пайи даргириҳои ахир Толибон бархе аз афроди маҳаллиро боздошт кардаанд. Ин сокини Панҷшер, ки ба сабаби ҳассосияти мавзуъ аз гуфтани номаш худдорӣ кард, афзуд, ки «афроди Имороти исломӣ барои ҷустуҷӯи хона ба хона ба вулусволии Дара омада, мардумро озору азият мекунанд ва бачаҳоро аз сари заминҳои кишт ва масҷидҳо боздошт ва латукӯб мекунанд. Як теъдодро баъд аз латукӯб раҳо карда, шумореро ҳам бо худ бурдаанд».
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ рӯзи шанбе, 7-уми май дар эъломияе гуфт, ки неруҳои онҳо ба «Қитъаи сурх»-и Толибон, ки мехостанд дар ноҳияҳои Обшорон ва Дараи вилояти Панҷшер баррасии хона ба хонаро оғоз кунанд, ҳамла карданд. Ин ҷабҳа мегӯяд, ки ба ҷуз аз марказҳои ин ду ноҳия, ҳама бахшҳои он ба тасарруфи размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ даромадааст.
Изҳороти ба ҳам зидди Толибон
Дар эъломияи нави ҷабҳа гуфта мешавад, ки 15 узви Толибон дар ин даргириҳо кушта шудаанд. Толибон инро рад кардаанд. Забеҳуллоҳ Муљоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон гуфтааст, ки «ҳеҷ гуруҳе бо номи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон ҳузури амалӣ надорад».
Мавлавӣ Додмуҳаммад Батор, фармондеҳи амнияти Толибон дар вилояти Панҷшер чизе дигар мегӯяд: «Тирпарронӣ буд, баъзе вақтҳо кам ва баъзе вақтҳо зиёдтар. Аммо сабаби ин нашуд, ки мо таҳти муҳосира буда бошем. Шумораи ками онҳо дар қуллаҳои куҳҳо ҳастанд ва барои наҷоти ҷонашон тирандозии ҳавоӣ карданд».
Ҳамлаҳои пароканда
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯяд, ки онҳо дар куҳпояҳои Панҷшер ҳузур доранд ва муқовимат мекунанд. Аз ҳамлаи сарбозони ин Ҷабҳа ба Толибон хабарҳо нашр мешавад, вале огоҳони вазъ мегӯянд, ки ҳанӯз ин Ҷабҳа ба як нерӯи баробарвазн бо Толибон табдил наёфтааст ва ба сурати пароканда амал мекунад.
Рӯзҳои гузашта аз даргирӣ миёни неруҳои Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон дар бархе ноҳияҳои вилояти Тахор хабарҳо нашр шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ