Панҷшер:Мо аз Тоҷикистон силоҳ нагирифтаем!

Ҷабҳаи муқовимат, ҳаммаслакони Аҳмади Масъуд гирифтани силоҳ ва ҳама гуна кӯмакро тариқи Душанбе рад карданд
Як манбаъ аз ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон иттилои роҳандозии ҳаракати ҳавоӣ бо Тоҷикистонро рад кард.
«Ҳаракати ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Панҷшер роҳандозӣ нашудааст», — гуфт намояндаи ҷабҳа.

Вай афзуд, ки Панҷшер феълан бо ягон давлат иртиботҳои ҳавоӣ надорад.
Бино бар хабарҳои охирин, ягона вилояти озод аз Толибон (ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) дар муҳосираи ҷангиён аст. Дар ҳамин ҳол, ҳарду ҷониб ҳам изҳор медоранд, ки омодаи гуфтушуниданд.

Пештар бархе аз расонаҳо хабар доданд, ки ба Панҷшер аз Душанбе силоҳ расонида шуд.

Ин амал гоҳо аз ҷониби иғвогврҳо сурат мегирад, ки бо ҳар гуна иттилои норушан байни Тоҷикистон ва қувваҳои даргир дар ин муборизаҳо ҳаргуна овозаҳоро пиёда созанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *