Панҷакент: 4 килову 750 грамм тротили пайдо шуда аз они кӣ буд?
Дар ҷамоати Шинги Панҷакент аз зери санги кӯҳ 4 килову 750 грамм тротил, 20 пистону ду ресмони таркишдиҳанда пайдо кардаанд. Ҷолиб ин аст, ки чунин миқдори бузурги маводи таркандаро … Агентии мубориза бо коррупсия пайдо ва мусодира кардааст.
Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 15 ноябр хабар дод, ки кормандони бахши минтақавии ин агентӣ дар водии Зарафшон шоми 3 ноябр, соати тақрибан 19:05 дар ҷараёни як чорабинии фавриву ҷустуҷӯъ аз зери сангҳои кӯҳ дар наздикии кули Ҳушёрӣ деҳаи Рашнаи болои Ҷамоати деҳоти Шинги Панҷакент як борхалтаи сафедро пайдо кардаанд.
Ин манбаъ меафзояд: «Зимни азназаргузаронӣ дар дохили борхалтаи мазкур ба миқдори 4750 грамм маводи таркандаи тамғаи тратил, 20 адад пистонҳои таркишдиҳанда ва ду адад ресмонҳои таркишдиҳанда дарёфт гардид. Тибқи маълумотномаи экспертӣ маводҳои ёфта гирифташуда дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд.”
Ҳоло ҷустуҷӯи соҳибони ин миқдори бузурги маводи тарканда идома дорад.
Ҳанӯз маълум нест, ки ҳадаф аз ҷамъоварии маводи тарканда дар ин минтақа чӣ буд? Истифода барои шикори ғайриқонунии моҳӣ дар кӯли Ҳушёрӣ ё ягон ҳадафи дигар?
Агентии мубориза бо коррупсия мегӯяд, «вобаста ба ҳолати зикргардида маводҳои лозимӣ ҷамъоварӣ карда шуда, айни замон санҷиш идома дорад.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ