Панҷакент: ду кас зери тарма монд
Дар деҳаи Роғичи ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент, ки яке аз деҳаҳои дурдаст ва баландкӯҳ мебошад, ду нафар зери тарма мондаанд.
Тавре як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Панҷакент хабар дод, ин ҳодиса рӯзи 14 январ 4,5 км поёнтар аз деҳаи Роғич, ҳангоми ба ҳезумчинӣ баромадани ду сокини ин деҳа рух додааст. Ин ду тане, ки зери тарма мондаанд, яке Орзуев Масиҳои 20-сола ва дигаре Тиллоев Абдушафеъи 30-сола будаанд. То имрӯз ҷасади Тиллоев Абдушафеъро пайдо кардаанд.
Кормандони шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Панҷакент, бо ҷалби ихтиёриён ва кормандони милитсия ба ҷустуҷӯи Масиҳо Орзуев машғуланд. Ҳамчуниннаҷотдиҳандагон аз вилояти Суғд даъват шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ