Панҷакент: Ифтитоҳи “Наврӯз” дар Наврӯз
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Боғчаи бачагонаи “Наврӯз”-ро, ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати 6300 метри мураббаъ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Дар ин ҷо ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида, дар муддати хеле кӯтоҳ аз ҷониби пудратчиён ҶСП «АСТ-Сохтмон» ва ҶДММ “ПМК-278” бо ҷалби коргарони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонии сохтмонӣ ба анҷом расонда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар боғчаи кӯдакона ба корҳои сохтмонӣ ва шароити ин муассиса баҳои баланд доданд. Ҳамзамон ин муассисаи томактабиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи оламафрӯз арзёбӣ карданд.
Бинои замонавии Боғчаи бачагонаи “Наврӯз” дар шаҳри Панҷакент бо маблағи умумии беш аз 9 миллион сомонӣ сохта шуда, имкон дорад ҳамарӯза 200 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад. Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактабӣ акнун наздик ба 50 нафар сокини шаҳри Панҷакент имкон пайдо карданд, ки дар шароити хубу замонавӣ ба тарбияи кӯдакони то 7-сола машғул шаванд.
Бояд гуфт, ки Боғчаи бачагонаи «Наврӯз» аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он тамоми асбобу анҷоми хониш барои машғулиятҳои гуногун ва буду боши кӯдакон муҳайё карда шудааст. Боғчаи бачагонаи “Наврӯз” аз 7 айвонча, 7 ҳуҷраи хоб, толори бозии кӯдакон, толори варзишӣ, синфи мусиқӣ, утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад. Дар ин ҷо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Пешвои муаззами миллат аз тарбиятгарон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароит кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд, то ин насл дар оянда созандагони воқеии ҷомеаи навини тоҷикон бошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ