Панҷакент: Мудири маорифро аз вазифа барканор карданд

Қосим Шарофзода, мудири маорифи шаҳри Панҷакентро баъди ҳамагӣ як соли ба ин вазифа таъин шуданаш, барканор кардаанд. Сабаби барканории Шарофзодаро ҳар гуна шарҳ медиҳанд.

Бархе бар ин ақидаанд, ки шикояти зиёди волидон аз пулчинӣ дар мактабҳои шаҳри Панҷакент, ки сомонаи «Ахбор” дар ин бора як матлаб нашр карда буд, сабаби сабукдӯш шудани мудири маориф гардидааст.

Аммо гурӯҳе аз омӯзгорон мегӯянд, фаъолияти нокифояи Қосим Шарофзода ва шикоятҳои омӯзгорон адар ниҳоят «роҳбарашон”-ро аз кор озод кард.

Фарзияи дигаре низ ҳаст, ки гӯё барои зиёд шудани шумораи худкушӣ байни ноболиғон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, супориш додааст, ки мудири маорифи шаҳри Панҷакент аз вазифааш озод карда шавад. Як нафар аз ҳукумати шаҳри Панҷакент бе овардани номаш гуфт, ки дар як ҷаласаи ҳукумати вилояти Суғд аз вазъи соҳаи маорифи шаҳри Панҷакент раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ изҳори норозигӣ намуда, барои барканориаш ба раиси шаҳр супориш додааст.

Қосим Шарофзода як сол муқаддам дар ҳамин шабу рӯз ба вазифаи мудири маорифи шаҳри Панҷакент таъин шуда буд.

Соҳаи маорифи шаҳри Панҷакент яке аз соҳаҳои калонтарин дар миқёси вилоят буда, дар тобеияти худ 134 мактаб ва зиёда аз 5000 омӯзгор дорад. Зудзуд иваз шудани мудирони маорифи шаҳри Панҷакент дар солҳои охир гӯё як навъ «анъана” шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *