Панҷакент Наврӯзро 27 март ҷашн мегирад
Ҷашни ҷумҳуриявии Наврӯзи имсола дар шаҳри Панҷакент рӯзи 27-уми март баргузор мешавад.
Қарор буд ин ҷашн пештар баргузор шавад, аммо ба сабаби сафари Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Амрико, таҷлили Наврӯзи саросарӣ дар Панҷакент ба таърихи 27-уми март вогузор шуд. Президенти Тоҷикистон пас аз ширкат дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи об, дар мақари Созмони Миллали Муттаҳид ба Тоҷикистон бармегардад ва дар маросими таҷлилил Наврӯзи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Панҷакент ширкат мекунад. Масъулони ҳукумати шаҳри Панҷакент зимни тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин шаҳр чандин бинову иншоот мавриди истифода қарор мегирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ