Панҷакент: Падар фарзанди угайашро кушт

Рӯзи 6-уми сентябри соли 2019 номбурда дар хонаи истиқоматиашон хурдсоли мазкурро зери лату кӯб қарор додааст, ки дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, санаи 8-уми сентябр ба ҳалокат расидааст.

Як сокини шаҳри Панҷакент писари угайи чорсолаашро зери лату кӯб қарор додааст, ки дар натиҷа писарбача ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини деҳаи Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 28-уми майи соли 2019 бо зани 30-солаи сокини деҳаи мазкур тариқи никоҳи мусулмонӣ оила барпо намуда, дар давоми зиндагии якҷоя нисбати фарзанди ҳамсараш, писарбачаи 4-сола мунтазам муносибати бераҳмона намуда, доимо ӯро лату кӯб мекардааст.

“Рӯзи 6-уми сентябри соли 2019 номбурда дар хонаи истиқоматиашон хурдсоли мазкурро зери лату кӯб қарор додааст, ки дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, санаи 8-уми сентябр ба ҳалокат расидааст”, — омадааст дар иттилоия.

Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

16 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *